Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Гузаронидани семинар

        Гузаронидани семинари омӯзишӣ барои роҳбарон ва кормандони бахши молияи мақомоти Агентӣ дар вилояти Хатлон (мин. Кӯлоб), ШНТҶ ва шаҳри Душанбе  дар мавзуи “Санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа, пешгирии ҳолатҳои хусусияти коррупсионидошта ва мубориза бо экстремизм ва тероризм”

     Мувофиқи Барномаи гузаронидани семинари омӯзишӣ директори Агентӣ Ашурализода А. чорабинии мазкурро ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки вобаста ба ҷойивазкунии (ротатсия) хизматчиёни давлатӣ ва ба мақомот тибқи озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ ба кор ҷалб гардидани кормандони нав  баргузор намудани семинари мазкурро муфид ва зурурӣ шуморид. 

Ҳамзамон аз тарафи директори Агентӣ қайд гардид, ки бо мақсади риояи дурусти низоми  молиявӣ, дуруст ба роҳ мондани сатҳу сифати ҳуҷҷатгузориҳо, пешгирии ҳама гуна ҳолатҳои хусусияти коррупсионидошта, экстремисти ва тероризм аз тарафи мутахассисони варзида ва собиқадори Агентӣ омузонидани санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа ва стартегияҳои мазкур ба кормандони сохторҳои зертобеъ як такони ҷиддӣ бахшида дар пешрафти фаъолияти кори соҳа нақши муҳим мебозад.

Дар баромади худ директори Агентӣ оиди пешрафти кори соҳа, мушкилиҳои ҷойдошта дар самти қарздориҳо аз ҳисоби кумакпулиҳо оид ба кумаки иҷтимоӣ, тартиби дуруст ба роҳ мондани роҳхатҳо, бастани шартномаҳои коллективӣ, саривақт баргардонидани қарзҳои хурди имтиёзнок аз тарафи шаҳрвандони бекор гирифташударо таъкид намуда, баҳри бартараф намудани онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Баъдан дар раванди кори семинари омӯзишӣ муовини директор Искандарзода М. дар самти бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, сардорони раёсатҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ Иброҳимзода З. дар самти ҳифзи меҳнат, тарҳрезию молия Саймуҳиддинзода Х. молия ва ҳисобдорӣ дар самти нигоҳдории сохтор, сардорони шуъбаҳои  тарҳрезии буҷет ва таҳлили молиявӣ Абдуллозода А. молия ва ҳисобдорӣ дар самти Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, мониторинг ва дурнамои бозори меҳнат Зарифзода З. дар самти тартиб ва таъини кумакпулиҳо оид ба кумакҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқ Мардонзода Г. додани дастурҳои методӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ба шаҳрвандони бекор Пиров Г. оид ба тартиби таъин ва пардохти қарзҳои хурди имтиёзнок ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкори карданро доранд, сармутахассиси шуъбаи маъмурию хоҷагӣ Мирзоев Ғ. оида ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023,  №125  "Дар бораи омодагиҳо ба давраи тирмоҳу зимистони 2023-2024 дар мақомот , таъмини нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки молу амволи давлатӣ ва Наимов М. мутахассиси барномасоз оид ба рунамоии Барномаи бақайдгирии шаҳрвандони бекор, даромаду хароҷоти кумакпулиҳо барои давраи бекорӣ, қарзҳои хурди имтиёзнок ба шаҳрвандони бекор ва стипендия ба касбомӯзон  тибқи Барномаи кори семинар баромад намуданд.

       Тибқи Барномаи кори семинар  ба иштироккунандагон машғулиятҳо тариқи назариявӣ ва саволу ҷавоб амалӣ гардида, ба азхудкунии санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа мусоидати бевосита наму

     Дар охири кори семинар аз ҷониби директори Агентӣ Ашурализода А. А. ба масъулин дастуру супоришҳои зерин дода шуд:

 1. Роҳбарон ва масъулини мақомоти Агентӣ дар вилояти Хатлон (минт. Кӯлоб), ШНТҶ ва шаҳри Душанбе

- ҷиҳати саривақт бозпас намудани қарзҳои хурди имтиёзноки муҳлаташон гузашта чораҳои зарури андешида, тартиби дурусти додани роҳхатҳоро дар мақомот риоя намоянд;

- то ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар 9 моҳи соли 2023 бақияпулиҳои самти кумакпулиӣ ба сарбозон ва маҳбусонро коҳиш дода, то анҷоми соли молиявӣ ҷиҳати ба пуррагӣ аз байн бурдани қарздории мазкур чораандеши намоянд;

- ҷиҳати татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор иҷрои нақша чорабиниҳои тасдиқшударо дар муҳлатҳои муайяншуда таъмин намуда ба ҳолати нигоҳдории ҳуҷҷатгузориҳо дар чузвдонҳо, ки барои ин мақсадҳо кушода шудааст, диққати ҷиддӣ диҳанд;

- омодагиҳоро барои давраи тирамоҳу зимистони соли 2023-2024 дар сатҳи баланд таъмин намуда, камбудиҳои ҷойдоштаро то оғози мавсими сардиҳо бартараф намоянд;

2. Искандарзода М. Саймуҳиддинзода Х. Иброҳимзода З. Мардонзода Г.

- бо мақсади пешрафти фаъолияти кори соҳа азхудкунии санадҳои меъёриву ҳуқуқи ва додани тавсияву дастурҳо оид ба татбиқи сатратегяҳои дар боло зикршуда дар доираи имкониятҳои молиявӣ гузаронидани семинарҳои омузиширо барои кормандони масъули мақомоти Агентӣ дар вилоятҳои Суғду Халон ва ВМКБ то анҷоми соли молиявӣ ба таври интихоби роҳандози намоянд;

 

                                                                                               

                                                                                                          

 

      

Шарикони мо