Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
ОМӮЗИШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Шарњу тавзењи Паёми Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон,

ки ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон  

дар Агентии мењнат ва шуѓли ањолї

 

 

         Имрўз  дар толори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолї оид ба шарњу тавзењи Паёми Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон, ки дар Паёми навбатии худ «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии љумњурї» ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон 16 декабри соли 2025 ироа намуданд, чорабинї бо иштироки муовини якуми Раиси Њизби Халќии Демократии Тољикистон муњтарам Неъматзода Маликшо Мањмадшо, муовини вазири мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон муњтарам Ашурализода Абдурањмон Ашуралї ва директори Агентии мењнат ва шуѓли ањолї муњтарам Саидзода Шањбоз Майдон доир гардид. Дар чорабинї дастгоњи марказии Агентї, сохторњои таркибии он дар шањри Душанбе, директорон ва кормандони муассисањои таълимии касбии системаи Агентї ширкат варзиданд.

Чорабиниро директори Агентии мењнат ва шуѓли ањолї муњтарам Саидзода Шањбоз Майдон ифтитоњ намуда, ќайд гардид, ки Паёми навбатии Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон њамчун њуљљати сарнавиштсоз самтњои афзалиятноки сиёсати дохилї ва иљтимоии давлатро муайян намуда, ба масъалањои баланд бардоштани сатњи зиндагии ањолї, таъмини шуѓли пурмањсул ва њифзи иљтимоии шањрвандон ањамияти аввалиндараља медињанд.

Тавре дар Паём таъкид гардидааст, баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардуми кишвар њадафи олии давлат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон мањсуб меёбад. Дар ин замина Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон ва сохторњои марбута вазифадор гардидаанд, ки љињати амалї намудани сиёсати давлатии мусоидат ба шуѓли ањолї чорањои муассир ва судмандро роњандозї намоянд.

          Маврид ба зикр аст, ки соли 2026 љињати татбиќи Паёми Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, аз љониби  Агентии мењнат ва шуѓли ањолї  наќшаи чорабинињои мушаххас тањия ва тадбирњои њадафрас амалї карда мешаванд.

Дар рафти чорабинии мазкур муњтарам Неъматзода Маликшо Мањмадшо - муовини якуми Раиси Њизби Халќии Демократии Тољикистон, дар бораи нуќтањои асосии Паёми Пешвои миллат суханронї намуда, зимни баромад ќайд кардаанд, ки моњиятан дар паёмњои Президенти Љумњурии Тољикистон муњимтарин масъалањои њаёти љомеа, аз љумла масоили иќтисодиву иљтимої, маорифу фарњанг, такмили низоми идоракунии давлатї, њадафњои стратегии кишвар, рушди соњибкориву сайёњї, сиёсати давлатии љавонон ва занон, љомеаи шањрвандї, инкишофи ќонунгузорї, боло бурдани маърифати ахлоќї, сиёсї ва њуќуќии шањрвандон таќвияти ватандўстиву мењанпарастї, инчунин самтњои афзалиятноки сиёсати хориљии Тољикистон мавриди тањлили амиќ ќарор гирифта, роњњои њаллу фасли онњо пешнињод мешавад, суханронї намуданд.

Дар фарљоми чорабинї як ќатор фаъолон бо мукофотњои соњавї ва њизбї сарфароз гардонида шуданд.

 

Шарикони мо