Дар Агентии меҳнат ва шугли аҳолӣ санаи 20 июли соли 2023 Семинар-машварат дар мавзӯи “Пешгирии амалҳои номатлуб дар ҷомеа” бо иштироки намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Прокурори раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 2, подполковники адлия - Гулаҳмадзода Ҳасрат Бегаҳмад ва Ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Маркази муқовимат ба савдои одамон Раёсати мубориза бар зиддии ҷиноятҳои мутташакили (РМЗҶМ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Номзади илмҳои ҳуқук, майори милитсия – Бухоризода Беҳруз Рустам, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ, сардорон ва сармуҳосибони мақомотҳои меҳнат ва шугли аҳолӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, директорон, сармуҳосибон ва омӯзгорони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ» ва муассисаҳои таълимии касбии системаи Агентӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро директори Агентии меҳнат ва шугли аҳолӣ Ашурализода Абдураҳмон Ашуралйогоз намуда, қайд намуданд, ки баргузории чорабинии имрӯза оид ба татбиқи иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2004, №304-8 “Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ барои солҳои 2019-2023” ҷиҳати иҷрои “Барнома дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ барои солҳои 2019-2023” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022, №55 “Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024” бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқӣ ва иттилоотонии кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва зерсохторҳои он вобаста ба роҳҳои ошкоркунӣ ва пешгирии ҳолатҳои ба худкушӣ ва суиқасд даст задани шаҳрвандон, инчунин, пешгирии ҷиноятҳои вазнин ва таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон (савдои одамон) дар мавзӯи “Пешгирии амалҳои номатлуб” равона гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки Агентӣ дар асоси қарорҳои болозикр ва Нақшаи чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шугли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳои Агентии меҳнат ва шугли аҳолиро аз 3 майи соли 2022 №16 таҳия ва тасдиқ намуда, иҷроиши он таҳти назорати доимии роҳбарият қарор дорад.
Дар робита ба гуфтаҳои боло бояд тазаккур дод, ки дар давраи ҳисоботӣ тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Сугду Хатлон, ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳур вобаста ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқукии мазкур, семинар машваратҳо ва дигар чорабиниҳо бо иштироки корхонаҳо, муассисаву ташкилотҳо ва ҳамзамон кормандони соҳа бо ҷалби мутахассисони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар мавзӯҳои “Пешгирии хариду фурӯши одам”, “Огоҳонии ҷавонон аз хатарҳои савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд”, “Пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ” ва “Ҷиҳати пешгирии ҷиноятсодиркуни ва ҳодисаҳои номатлуб” баҳри баланд бардоштани донишҳои омӯзгорони муассисаҳои таълимии касбии системаи Агентӣ инчунин, баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ дар байни ҷавонону наврасон, шаҳрвандони корҷӯй, шаҳрвандоне, ки пас аз хизмати ҳарбӣ ва аз маҳбас озодшудагон, муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудаистодаанд, ки оқибатҳои ин ҳодисаҳоро ба онҳо алалхусус ба ҷавонон таъкид карда мешаванд ва тибқи нақша кор дар ин самт идома дорад, равона гардидааст.
Дар рафти чорабинии мазкур намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ Гулаҳмадзода Ҳасрат Бегаҳмад – Подполковники адлия, мушовири адлияи дараҷаи 2, прокурори раёсати назорати тафтишоти пешаки дар мақомоти прокуратура ва Бухоризода Беҳруз Рустам - Номзади илмҳои ҳуқук, майори милитсия, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Маркази муқовимат ба савдои одамон Раёсати мубориза бар зиддии ҷиноятҳои мутташакили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба муаррифии нуқтаҳои асосии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2004, №304-8 “Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ барои солҳои 2019-2023” ҷиҳати иҷрои “Барнома дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ барои солҳои 2019-2023” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022, №55 “Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024”, баромад намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Ашурализода А.А., директори Агентии меҳнат ва шугли аҳолӣ қайд карданд, ки дар чунин шароит вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат - аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ, аз интихобкунандаи қаторӣ то аъзову вакили Парламент таблиги бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши гояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад, ки ин вазифаи муқаддас ва қарзи фарзандии ҳар яки мо дар назди рӯҳи поки бузургони гузаштаамон ва наслҳои ояндаи миллати тоҷдорамон мебошад.
Танҳо бо иҷрои ин вазифаи муқаддас ва адои ин қарзи имонӣ, фақат бо меҳнати ҳалол, софдилона ва фидокорона мо метавонем давлати ҷавону соҳибистиқлоли худро обод созем, тараққйдиҳем, пояҳои давлатдориамонро мустаҳкам намоем ва мақому обрӯи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалй баланд бардорем».
Ҳамзамон, ба меҳмонони гиромӣ, Гулаҳмадзода Ҳасрат Бегаҳмад намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бухоризода Беҳруз Рустам намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок ва суханронии пурмуҳтавояшон дар семинари -машварат, ки вақти худро дарег надошта ташриф овардаанд, аз номи худ ва тамоми иштирокчиён арзи сипос намуда, қайд намуданд, ки минбаъд ҳамкориро бо Прокуратураи генерали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии болозикр, бо маром идома хоҳанд дод.