Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Мавзу: “Пешгири намудани шаҳрвандон аз шуғлӣ бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ)”

 Мавзу: “Пешгири намудани шаҳрвандон аз шуғлӣ                                                                                                                                    бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ)”

       Масъалаҳои фаъолияти ғайрирасмии иқтисодӣ дар бахши расмии иқтисодӣ ва иқтисоди ғайрирасмӣ падидаи нав набуда, дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон мавҷуд мебошад.

       Дар шаҳри Ҳисор низ ба мисли дигар минтақҳои ҷумҳури бозори меҳнат се ҷузъа: - аз шуғли расмӣ, ғайрирасмӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ иборат мебошад. Бинобар сабаби аз тарафи корфармо ва кормандон ба таври лозима риоя нагардидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муносибатҳои меҳнатӣ ба зиёдшавии шуғли ғайрирасмӣ замина гузоштааст.

 Аз ин лиҳоз, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва такмили бозори меҳнат, тавассути паст кардани шуғли ғайрирасмӣ дар мамлакат, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон бо дар назар доштани принсипхои асосӣ ва ҳуқуқ дар соҳаи меҳнат, инчунин барои муайян ва аз байн бурдани шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои давлатӣ дар ин самт, ташкили корҳои маълумотдиҳӣ ба аҳолӣ доир ба оқибатҳои манфии чунин намуди шуғл дар ҷомеа, таъмини системаи устувор ва риоя кардани расмиёти андоз қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №439 “Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2023” ба тавсиб расидааст.

 Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Барномаи мазкур, қарори дахлдори Раиси шаҳри Ҳисор аз 01 октябри соли 2019, №1155  тасдиқ гардида, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мавриди иҷроиш ва назорати доимӣ қарор дорад.

 Дар робита ба гуфтаҳои боло ва бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳуқуқии корфармоёну кормандон, раёсати Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор дар асоси Нақша чорабиниҳои тасдиқгардида корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани хизматҳои машваратро ба  корхонаву ташкилотҳо доир ба татбиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти меҳнат роҳандозӣ намуда истодааст. 

Аз тарафи мутасадиёни самти меҳнати раёсат, қариб дар ҳамаи вохӯрию чорабиниҳои баргузоргардида ба кормандону корфармоён вобаста масъалаҳои иқтисодию иҷтимоёт нигаронидашуда, аз ҷумла, бартарии шуғли расмӣ ва норасоии шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), шуғли бақайдгирифтанашуда ва оқибатҳои манфии он дар ҷомеа, ҳифз намудани шаҳрвандон аз шуғли бақайдгирифтанашуда, мубориза бар зидди  шуғли бақайдгирифтанашуда ва дигар масъалаҳои ҳалталаби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат   корҳои ташвиқотиву фаҳмондадиҳӣ бурда, дастуру супоришҳои дахлдор дода мешаванд.

Дар ин раванд санаи 15 феврали  соли ҷорӣ чунин вохӯри бо кормандони ҶДММ “Металинвест”, ҶДММ “Заррин 2021” ва бо шаҳрвандоне, ки тариқи бозори ғайрирасмии “Мардикорбозори шаҳри Ҳисор” кору фаъолият мекунанд, корҳои фаҳмондадиҳию дастурдиҳӣ гузаронида шуданд.

Дар вохӯриҳо ба иштироккунандагон фаҳмонида шуд, ки ҳангоми бе бастани шарномаи  меҳнатӣ  кор кардан, корманд ё кормандон ба шуғли ғайрирасмӣ мансуб шуда, аз имтиёзҳои меҳнатӣ ва умуман аз ҳифзи меҳнаташон бархурдор намегарданд. Ҳамзамон, ҳангоми дучор шудан ба беморӣ, гирифтани зарари ҷисмонӣ ва ё ҳисоби нафақапулӣ низ зарари моддӣ мебинанд.

Дар  чорабини баргузоршуда шаҳрвандон аз фаҳмидани мавзӯъҳои болозикр шавқу мароқ зоҳир намуда мубодилаи афкор сурат гирифт, ки да натиҷа ба ҳамаи саволҳои пайдошудаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки саволҳо асосан аз тарзи тартибдиҳӣ ва шартҳои қатъи шартномаҳои меҳнатӣ, оид ба  рӯзҳои истироҳат ва давомнокии кору пардохти музди иловагӣ, масъулиятҳо ҳангоми ба кор қабулкунии корфармо бе шартномаҳои меҳнатӣ, масъулияти корманд ҳангоми машғулият дар шуғли ғайрирасмӣ ва бақайдгирифтанашуда, тарзу мӯҳлати кушодани дафтарчаҳои меҳнатӣ ва ғайраҳо иборат буданд.

Ба иштироккунандагон оид ба самтҳои хизматрасониҳои раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ маълумотҳо дода шуданд.

         Лозим ба ёдоварист, ки мутасадиёни самти меҳнати раёсат дар давоми моҳи январи соли 2022 тибқи Нақша чорабиниҳои тасдиқгардида ба чор адад ширкатҳои соҳаи саноативу сохтмони ташриф оварда ба зиёда аз 150 нафар кормандони онҳо вобаста ба бастани шартномаҳои коллективӣ ва қарордодҳои меҳнати ва дигар  масъалаҳое, ки аз муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ бармеоянд, кӯмаки методию амалӣ ва хизматҳои машваратӣ расонидаанд.

 

 

 Раёсати  Агентии  меҳнат  ва  шуғли   аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор 

 

 

 

 

 

                                                         

 

 

 

                                                         

 

 

Шарикони мо