Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
ИНТИХОБИ ДУРУСТИ КАСБ ХУШБАХТӢ МЕОРАД

     «Масъалаи дигаре, ки дар соҳаи маориф ба он бояд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем, ин ташаккули низоми роҳнамоии касбии хонандагон мебошад. Зеро он омили муҳими бошууронаи интихоби касбу ҳунар ва равияҳои касбӣ аз ҷониби хонандагон маҳсуб меёбад.»
                                 Э.Раҳмон

             
        Вақте  занги охир садо медиҳад, барои ҳазорон хатмкунандагону довталабони  оянда, ки дар пеш онҳоро ҳаёти оянда интизор аст, саволҳои анъанавӣ «Кӣ бояд шавам?», «Дар куҷо бояд таҳсил кард?» ба миён меояд. Интихоби касб ба тавлиди дубора баробар аст. Зеро ҳангоми интихоби касб мо роҳеро  интихоб менамоем,  ки дар он тамоми умр мебояд тай занем. Дар айёми  шонздаҳ-ҳаждаҳсолагӣ интихоби касб ба мушкилӣ ба даст меояд,  зеро дар ҷаҳон хело касбҳои шавқовар  мавҷуданд, ки  кас   мехохад,  ҳамаи онро  интихоб  кунад. 
         Аксар вақт мо ба худ саволҳое медиҳем;  «Мо чӣ гунаем?», «Ба кадом кор қодирем?»,  «Аз  ўҳдаи  кадом  кор  хуб  мебароем?»,   «Оё мо мехоҳем ба ин кор  машғул шавем?» ва ғайра.
      Саволҳо зиёданд. Ба гумон аст, ки хатмкунанда бе ёрии калонсолон мустақилона ба саволҳояш ҷавобҳои дуруст пайдо карда тавонад. Муҳим он аст, ки калонсолон дар интихоби касби ояндаи хатмкунанда ёрирасони хуб бошанд. 
      Дунёи касбҳо гуногун аст. Баъзеи онҳо хеле ҷолибанд. Бештари касбҳо дар худ асрорҳои зиёдеро ниҳон мекунанд. Масъалан: Барои кушодани ин асрорҳо  кинофилмҳое,  ки  аз  ҳаёти  ҳаррўзаи  инсон рўйдодҳои дурахшон ва фаромўшнашаванда  доранд, мусоидат мекунанд. Бо дидани чунин нақшҳо наврасон мехоҳанд ба монанди: Наҷотдиҳанда, духтур, полис (вобаста аз нақши қаҳрамони филм) дарк нокарда аз он, ки ҳар як касб пеш аз ҳама машаққати зиёдро талаб мекунад, касб интихоб менамоянд. Муҳим он аст, ки ин машаққат дар ҷодаи сохтани орзуҳо хушбахтӣ оварад. Дар бораи шахсе, ки касби худро дуруст интихоб намудааст беҳуда нагуфтаанд: «Ин шахс дар ҷойи худаш аст». Барҳақ ҳар як кас дар ҷойи худ бояд бошад, на ин ки ҷойи каси дигареро ишғол намояд.
Вақте, инсон соҳибкасб  гашт, бешубҳа ў дар зиндагӣ муваффақ мегардад  ва албатта  касбашро дўст дораду  шавқу  ҳавас, донишу маҳорати  худро  ба инобат  гирифта  касб  интихоб  намояд. Зеро, ки интихоби дурусти касб метавонад инсонро ба қуллаҳои баланд расонд. Дар  ҳамбастагӣ бо ин суханон метавон гуфт, ки обрўи нуфузи ҳар як шахс дар касбу кори ў таҷассум  мегардад.
    Агар  Шумо мехоҳед, ки касби дуруст ва муайянеро барои  худ интихоб   намоед, пас ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ» муроҷиат намоед. Машваратчиёни касбии Марказ бо Шумо  машваратҳо гузаронида, шавқу рағбат ва қобилятҳои Шуморо муайян  менамояд. Минбаъд Шумо  метавонед бо кўмак  ва тавсияҳои  машваратчиён  касби мувофиқро интихоб намоед. 

           Сармутахассиси шуъбаи машварати
           касбӣ ва интихоби касб  Шоистаи Набизод

 

Шарикони мо