Аз давраи таъсис ёфтани Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ» мутахассисони Марказ баҳри баланд бардоштани тарзи усулҳои хизматрасонии касбӣ ва рушди таҳсилотӣ касбӣ, ташвиқу тарғиби касбҳои замонавии ба бозорои дохилӣ ва хориҷии меҳнат ҷавобгў, гузаронидани машваратҳои фардию гуруҳӣ бо истифода аз тарзу усулҳои ташхиси касбӣ пайваста фаъолият менамоянд. Ҳамзамон бо устодон, омўзгорон, роҳбарони синфҳо ва дигар ашхосе,ки ба кори таълиму тарбия машғуланд ҳамкории зич намуда, дар ташаккул ва бедор намудани шавқу рағбати хонандагон оид ба интихоби бошууронаи касб маслиҳатҳои муфид ва ёрии амалӣ мерасонанд.
Воқеан ҳам, касбу ҳунар ганҷина ва гиреҳкушои тамоми мушкилоти ҳар як шахс маҳсуб меебад, зеро касбу ҳунар ба инсон нерўю тавоноии хос бахшида, дар зиндагиномаи ў қувваи пешбар ба шумор меравад.
Дар замони муосир барои интихоби касбу ҳунари ҷавонон тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Ҳар як шахс бояд касбро мувофиқи шавқу ҳавас ва майлу рағбати худ интихоб намояд, то ки дар ин самт аз самими қалб фаъолият карда, дар пешрафт ва рушднамои ҷомеа ҳамаҷониба саҳмгузор бошад.
Бо ин мақсад бо ибтикори кормандони МД «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамои касбӣ» касбӣ, роҳбарият ва омўзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-и н.Сино семинар-машварат таҳти унвони «Касб асоси зиндагист» доир гардид.
Дар кори семинар кормандони Марказ, роҳбарият ва омўзгорони муассисаи мазкур, намояндагон аз Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаи маорифи н.Сино, намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, оиди касбу ҳунарҳои гуногун суханҳои хеле муфид иброз намуданд. Аз ҷумла мудири шуъбаи машварати касбӣ ва интихоби касб Холмирзоева З. доир ба мавзўи «Интихоби дурусти касб омили хушбахтист» чунин зикр сохт, ки мақсади асосии машваратҳои касбӣ ин кўмак расонидан ба ҷавонон ва наврасон баҳри дарк намудани хусусиятҳои шахсии хеш, додани маслиҳату тавсия доир ба интихоби бошууронаи касб дар муассисаи таълимӣ, барои инкишофи сатҳи касбӣ ва фаъолияти ояндаи толибилм мебошад. Машварати касбӣ бояд барои интихоб намудани касбу ҳунари мувофиқ ё гурўҳи касбҳое, ки нисбатан ба талабот, шавқу ҳавас ва қобилияти ў ҷавобгў ҳастанд, ёрӣ расонад.
Мавриди зикр аст, ки дар рафти семинар аз ҷониби толибилмони ин муассиса барномаи рангину ҷолиби бадеӣ оид ба интихоби касб аз ҷумла базми доиранавозон дар иҷрои хонандагони муассисаи мазкур, сурудҳои ҳаҷвӣ(чистушки) саҳначаҳои ҳаҷвӣ, шеъру суруд,рақсҳои гуруҳӣ ва якка, намоиши варзишгарон, бадеҳахонӣ инчунин намоиши маҳсули дастони толибилмон аз қабили дўзандагӣ, пазандагӣ бофандагӣ, захирасозии сабзавоту меваҷотҳо барои фасли зимистон ва намоиши расмҳо пешкаши меҳмонон гардонида шуд.
Сардори шуъбаи ташкили
методӣ ва ахбори касбӣ
З. Обидова