Баромади
сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии дастгоҳи марказии Агентӣ дар моҳи январи соли 2022 дар Радиои Тоҷикистон
Миёнаравӣ дар бозори меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ.
Дар давоми соли 2021 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 141824 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6 фоиз зиёд мебошад.
Аз ин шумора 106262 нафар ҳамчун корҷуй ба қайд гирифта шуда (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,7 фоиз), ба 58908 нафари онҳо расман мақоми бекорӣ дода шуд (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,7 фоиз) зиёд мебошад. Тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тайи давраи ҳисоботӣ 70641 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки ин нишондиҳанда 107,0 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил дода ва дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 фоиз кам мебошад.
Аз ҷумла, дар ВМКБ - 4842 нафар шаҳрвандони бекор, вилоятҳои Суғд - 20290, Хатлон - 24650, шаҳри Душанбе - 10622 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад 10237 нафар ба кори доимӣ таъмин гардиданд.
Аз теъдоди 70641 нафар бо кор таъминшудагон 7023 нафар тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,2 фоиз), 3323 нафар аз ҳисоби қарзҳои имтиёзнок (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8,8 фоиз кам), 8238 нафар тавассути ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,0 фоиз кам) мебошад.
Ҳамзамон, 9733 нафар бо назардошти хатмкардагони курсҳои касбомӯзии моҳи декабри соли 2020 ва январ-ноябри соли 2021, инчунин, 42324 нафар бо роҳхати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз ҳисоби ҷойҳои кории холӣ (вакансия) бо кор таъмин гардиданд.
Тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар соли ҷорӣ 7023 нафар шаҳрвандони ба ҳимояи махсуси иҷтимоӣ ниёздошта бо ҷойҳои кории аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бандшуда (квота) бо кор таъмин гардиданд, ки ин 100,3 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,2 фоиз зиёд мебошад. Аз шумораи бокортаъминшудагон тавассути ҷойҳои кори бандшуда (квотаҳо) 3504 нафарро (49,9%) занон ташкил медиҳанд.Аз ҷумла, тавассути квота дар ВМКБ - 511 нафар, вилояти Суғд -1810 нафар, вилояти Хатлон - 2482 нафар, шаҳри Душанбе -876 нафар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1344 нафар шаҳрвандони бекор ба кор таъмин шуданд.
Таҳлили соҳавии ин раванд нишон медиҳад, ки дар чунин ҷойҳои корӣ 245 нафарро маъюбон, 148 нафар ятимони ноболиғ, 829 нафар шахсони аз Қувваҳои Мусаллаҳ озодшуда, 344 нафар шахсони аз муассисаҳои ҷазои ҷиноӣ ва муассисаҳои табобати маҷбурӣ ҷавобшуда, 1309 нафар волидони яккаву танҳо ва инчунин шахсоне, ки дар тарбияашон кӯдакони ноболиғ ва маъюб доранд, 1569 нафар волидоне, ки бештар аз 5 кӯдаки ноболиғ доранд, 75 нафар шахсони то синни 18 сола, ки бо сабаби вафоти волидайнашон ё дигар ҳолатҳо сарпарастии оиларо ба ӯҳда доранд, 279 нафар шаҳрвандоне, ки барои аз рӯи синну сол ба нафақа баромаданашон ду сол боқӣ мондааст, 2225 нафар шаҳрвандони то синни 18 сола ва ҷавононе, ки баъди хатми муассисаҳои таълимӣ тибқи роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба кор фиристонида шудаанд, ташкил медиҳанд.
Дар ин ярмаркаҳо 9477 корхонаю муассисаҳо иштирок намуда, аз ҷониби онҳо 120166 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардид.
Дар натиҷаи баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 12508 нафар шаҳрвандон ба ҷойи кор роҳхат гирифта, аз ин шумора 8238 нафар (65,9%) бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд, ки ба ҳар як ярмарка 9,7 нафар (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 429 нафар кам мебошад) рост меояд, ки аз ин теъдод 3678 нафар зан ва 3692 нафар ҷавон мебошанд.
Ҳамзамон, тавассути ярмаркаҳо ба 6950 нафар шаҳрванд роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуда, 1594 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар карда шуданд.
Дар маҷмӯъ, тавассути ташкил ва гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар давраи баррасишаванда 16727 нафар шаҳрванд ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ давоми соли равон 6 ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холӣ аз ҷумла, дар соҳаи саноат, маориф, тандурустӣ ва Кумитаи кор бо ҷовонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шудааст.
Инчунин, бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии техникии ба номи академик М.Осимӣ барои хатмкунандагони донишгоҳи мазкур ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Мусоидат оид ба бозорҳои меҳнатии ғайрирасмӣ ( бозори корҷӯён)
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар миқёси ҷумҳурӣ 24 бозорҳои меҳнатии ғайрирасмӣ фаъолият доранд.
Бо мақсади таъмин намудани низоми муайяни фаъолияти бозорҳои меҳнатии ғайрирасмӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ ва ҷиҳати роҳандозӣ намудани модели намунавӣ-озмоишии фаъолият дар бозори меҳнатии ғайрирасмӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2021, №58 “Дар бораи таъсиси Гуруҳи кории дохилиидоравӣ” ба тасвиб расонида шуд.
Ҳайати Гуруҳи кории дохилиидоравӣ 10 июни соли 2021 дар назди муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Роҳбари Гуруҳи корӣ ҷаласа доир намуд. Ҷиҳати танзим намудани фаъолияти бозорҳои меҳнатии ғайрирасмӣ кор оғоз гардида, дар ин бозорҳо аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии "Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”- и вазорат пурсиш гузаронида шуд.
Ҷиҳати танзими фаъолияти бозори меҳнатии ғайрирасмӣ дар шаҳри Бохтар ва расонидани кумак аз ҷониби шарикони рушд аз ҷумла, намояндагони Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (САҲА) ва ТИКА 18 июни соли 2021 бо иштироки муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мулоқот доир гардид.
Ҷиҳати ба танзим даровардани бозорҳои меҳнатии ғайрирасмӣ дар ҷумҳурӣ корҳои зеринро ба сомон расонида шуд:
- фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2021, №58 “Дар бораи таъсиси Гуруҳи кории дохилиидоравӣ” ҷиҳати роҳандозӣ намудани модели намунавӣ-озмоишии фаъолият дар бозори меҳнатии ғайрирасмӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба тасвиб расонида шуд;
-аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии "Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”- и вазорат дар бозорҳои меҳнатии ғайрирасмӣ пурсиш гузаронида шуд;
-маҳзани маълумот бо қайди ному насаб, ҷинс, синну сол, касбу ихтисос, суроға ва рақами телефони шаҳрвандон дар бозорҳои меҳнатии ғайрирасмии дар ҷумҳурӣ фаъолияткунанда аз ҷониби сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ омода гардид;
-нақша чорабиниҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар бозорҳои меҳнатии ғайрирасмии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳрҳои Ҳисору Душанбе дар соли 2021 таҳия ва мавриди иҷро қарор дода шуд;
-Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ руйхати ном ба номи 60 нафар занони эҳтиёҷманди бозори меҳнати ғайрирасмӣ дар шаҳри Бохтар ҷиҳати дастгирии иҷтимоӣ ва ба касбомӯзи фаро гирифтани онҳо омода намуда, барои дастгирии шарикони рушд (ТИКА) ба вазорат пешниҳод намуд. Аз ҷумла 30 нафар барои гирифтани кумакпулӣ ва 30 нафар барои омӯзиши касбӣ “Гулпарвар”;
-дар соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 30 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд;
-дар ин ярмаркаҳо зиёда аз 3012 нафар бекорон иштирок намуда, ба онҳо аз ҷониби сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят 5373 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардид.
-ба 185 нафар барои бокортаъмин шудан роҳхат дода шуда, 119 нафари онҳо дар Ширкати куҳии саноатии Тоҷикистону Хитой, ҶДММ “Сипари Суғд” заводҳои хиштбарорӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, сехи таъмири автомашина, иншоотҳои сохтмонӣ ва дар осоишгоҳҳо, беморхона ва марказҳои саломатӣ бо ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъмин шудаанд;
-35 нафар шаҳрвандони бекор ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии марказҳои таълимии системаи Агентӣ фаро гирифта шуданд.
- Қайд кардан ба маврид аст, ки дар сохтмони хонаҳои истикоматӣ, ки аз ҳисоби вазорат дар шаҳри Кӯлоб сохта ба истифода дода шуданд.
Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор.
Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар муассисаҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 72738 нафар шаҳрвандон ба курсҳои кутоҳмуддати тайёрии касбӣ ва Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия ҷалб гардиданд.
Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷети Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълими касбии калонсолон 21207 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, ҳамчунин дар ин давом тавассути худмаблағгузорӣ 10347 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддат ва бо Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия малакаи касбии 11513 нафар шаҳрванд бо шаҳодатномаҳо тасдиқ гардиданд.
Дар маҷмӯъ тавассути марказҳои таълими касбии калонсолон 43067 нафар ба тайёрии касбӣ такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҷалб гардиданд
Ҳамзамон, бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ роҳхатҳои иловагӣ 29671 нафар шаҳрванд ба воситаи дигар марказҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта тавассути худмаблағгузорӣ ба курсҳои тайёрии касбӣ сафарбар шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дурнамои нишондиҳандаи солонаи барнома дар самти ба тайёрии касбӣ ҷалб намудани шаҳрвандон дар сатҳи 117,2 фоиз таъмин карда шуд.
Дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта.
Давоми соли 2021 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ва мутобиқсозии онҳо ба бозори меҳнати дохили кишвар низ корҳои муайян ба иҷро расид.
Дар ин давра, ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 2850 нафар муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта муроҷиат намуданд, ки аз ин теъдод 2652 нафар мард ва 198 нафар зан мебошанд.
Аз ҷумла, дар вилоятҳои Хатлон 1575 нафар, Суғд – 445, шаҳри Душанбе – 114 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 716 нафар муроҷиат намудаанд.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо 575 нафари онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, 543 нафар ба тайёрии касбӣ, 155 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд ва ба 126 нафар қарзи имтиёзнок барои соҳибкории инфиродӣ дода шуда, 1451 нафар машварати касбӣ гирифта, дар маҷмӯъ ба 2850 нафар хизматрасонии иҷтимоӣ расонида шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дастгоҳи марказии Агентӣ утоқи қабули муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта (реинтегратсия) фаъолият менамояд.
Инчунин, барқиянома аз 24 феврали соли 2021, №1.5.1/229 бо замимаи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ватан баргаштаанд, ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ирсол карда шуд ва супориш дода шуд, ки фаъолият дар ин самт тибқи бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои мазкур ба роҳ монда шуда, ҳамзамон ҳамкориро бо бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монанд.
Таъин ва пардохти кумакпулӣ барои бекорӣ.
Тайи давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби бақияи маблағи соли 2020 ва маблағгузории соли равон тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар асоси санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии ҷорӣ ба 12899 нафар шаҳрвандон ба маблағи 7586177 сомонӣ кӯмакпулӣ барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт гардид, ки ин 133,0 фоизи дурнамои солонаи барномаро дар соли ҷорӣ ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, дар ВМКБ – 698 нафар ба маблағи 438190 сомонӣ, вилояти Суғд ба 3447 нафар дар ҳаҷми 1472218 сомонӣ, дар вилояти Хатлон ба 5374 нафар 2963719 сомонӣ, дар шаҳри Душанбе ба 732 нафар 962361 сомонӣ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 2648 нафар 1749689 сомонӣ кӯмакпули барои бекорӣ ба шаҳрвандони бекор пардохт карда шуд.
Таҳлили раванди таъин ва пардохти кумакпулиҳо барои давраи бекорӣ нишон медиҳад, ки дар давраи ҳисоботӣ ба 10695 нафар ҷавонони рухсатшуда аз Артиши миллӣ дар ҳаҷми 5380176 сомонӣ, ба 1554 нафар озодшудагон аз муассисаҳои ҷазои ҷиноятӣ дар ҳаҷми 1087800 сомонӣ, ба 605 нафар шаҳрванди ихтисоршуда аз ҷойи кор дар ҳаҷми 963525 сомонӣ ва ба 45 нафар аз кор рафтагон бинобар ба охир расидани шартномаи меҳнатӣ дар ҳаҷми 154676 сомонӣ, кумакпулӣ барои давраи бекорӣ пардохт шудааст.
Сардори Раёсат Гулшанзода Р.