Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 12-уми августи соли 2025, таҳти №1054, ба кормандони соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ — Тоҳирзода Наимҷон, муовини сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, бо медали “Хизмати шоиста”, ва Искандаров Фирӯзҷон — сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — Холиқзода Ҳаким ва раиси вилояти Суғд — Аҳмадзода Раҷаб сарфароз гардонида шуданд.
Роҳбарият ва кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар Тоҳирзода Наимҷон ва Искандаров Фирӯзҷонро ба муносибати сазовор гардидан ба ин мукофотҳои олӣ самимона табрик намуда, ба онҳо саломатии бардавом, муваффақиятҳои навин ва комёбиҳои бештарро дар иҷрои рисолати касбии худ орзӯ менамоянд.