Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2016 шуруъ гардида, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби беш аз 60 нафар сокинони маҳаллӣ ҷавобгӯ ба талаботи замон ба анҷом расид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз имконоти фароҳамшуда ва сифати корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, кормандони соҳаро ба хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.
Бинои нави шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Роштқалъа аз 10 ҳуҷраи барҳавои корӣ ва 4 синфхонаи омӯзишӣ, ҳамчунин маҷлисгоҳ бо 20 ҷойи нишаст иборат буда, дорои беҳтарин шароити корию таълимӣ аст.
Минбаъд сокинони ноҳияи Роштқалъа дар синфхонаҳои дорои шароити хуби ҳунаромӯзӣ аз рӯйи ихтисосҳои қаннод, дӯзанда, технологияи компютерӣ, таъмиргари таҷҳизоти сантехникӣ ва асбобҳои барқӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Инчунин дар шафати бинои мазкур иншооти иловагии дигар сохта шудааст, ки он барои омӯзиши нозукиҳои касби таъмири воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудааст.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки акнун дар шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамасола то ҳазор нафар шахсони бешуғл ба касбомӯзӣ ҷалб мешаванд.
Бино ва саҳни он зебову назаррабо буда, дар атрофаш роҳравҳо сохта шудааст. Иншооти навбунёд метавонад солҳои дароз ба мардуми ин гӯшаи зебои Тоҷикистон хизмат намояд.