Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
      МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

                                    МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

      Дар доираи Рӯзи ҷавонон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишӣ аз ҷумла волейбол, футбол, шоҳмот ва шашка ташкил карда шуд.

Аз руи намудҳои варзиши волейбол, футбол хоҳишмандони зиёд пайдо намуда, 16 даста байни ҳам рақобат намуданд.

Айни замон даври нимниҳоии он идома дорад.

Мусобиқа бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби кормандон ба намудҳои гуногуни варзишӣ ва оммавигардонии варзиш баргузор шуда, дар он кормандони сохторҳои вазорат дар шаҳри Душанбе аз ҷумла кормандони ҷавон рақобат менамоянд.

Даври ҷамъбастии мусобиқаҳои варзишӣ дар МД истироҳатгоҳи коргарҷавонони “Ромит” рӯзи 27 майи соли ҷорӣ ҷамбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда  мешаванд.

Шарикони мо