Фаъолияти роҳнамоии касбиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки марказҳои таълимӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо ва оилаҳо ташкил ва ҳамоҳанг месозанд. Бо вуҷуди ин, афзоиши бекорӣ дар байни ҷавонон аз зарурияти ҷустуҷӯ кардани роҳҳо ва шаклҳои нави кори роҳнамоии касбӣ бо ҷавонон шаҳодат медиҳад.
Имрӯз меҳнати ҷавононро аз чанд ҷиҳат баррасӣ кардан лозим аст: аввал, ҳамчун воситаи таъминоти рӯзгор, маҳсулоте, ки ба бозори меҳнат ва ихтиссосҳо пешниҳод мегардад, дуюм, ҳамчун воситаи худмуайянкунӣ, мавқеъёбӣ барои ноил гаштан ба мақоми муайян, сеюм ҳамчун пойгоҳи санҷишӣ барои рушди маҳоратҳои худ дар озмоишҳои касбӣ. Лекин аксар вақт чунин мешавад, ки сифатҳои руҳи равонии инсон ба талаботи касбӣ ҷавобгӯ нестанд. Аз ин рӯ, саривақт майлу рағбати инсонро ба намуди муайяни фаъолият ошкор кардан бисёр зарур аст. Ҳар қадар он барвақт ошкор гардад, ҳамон қадар ҳалли мушкилиҳои тарбия, таҳсилот, тарҳрезии роҳи зиндагии инсон осон мегарданд. Ҷавононе, ки соҳиби ихтисоси баланд нестанд, ба дараҷаи зиёд зери хатари вақти кории давомноки бетанзим, шиддатнокии меҳнат қарор мегиранд.
Бо ин шароитҳо яке аз мушкилиҳои асосӣ ин сохтани механизми мутобиқшавии ҷавонон ба зиндагӣ, танзими шуғлнокӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ки дар асоси фаъолияти худ маҷмӯъи системаи роҳнамоии касбии ҷавонон мебошад, маҳсуб меёбад.
Дар раванди иҷтимоишавӣ ва худмуайянсозии касбии ҷавонон муваффаққияти амалҳои онҳо ба таври назаррас аз фаъолнокии шахсӣ, аз мавқеи инфиродии баркамоли онҳо вобаста аст. Маҳз ҳамин мавқеъ ва таҷрибаи алоқаманди он ба ҷавонон имкон медиҳад, ки интихоби касбро мақсаднок, огоҳона, фаъолона ва моҳирона амалӣ созанд. Яъне, фаъолнокии ҷавон дар худмуайянсозии касбӣ аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза вай ҳамчун субекти фаъолият омода шуда, ин фаъолнокӣ, пеш аз ҳама ҳамчун «худмуайянсозӣ»-и ҷавонони таҳсилгиранда баромад мекунад.
Дар миёни омилҳое, ки интихоби ин ё он ихтиссос ё соҳаи меҳнатро муайян мекунанд, ҷойи муҳим ба изҳори майлу рағбат нисбати меҳнати мазкур нигаронида шудааст, вале барои равшан кардани мавқеи шахсии ҷавон донистани дараҷаи ин изҳор кофӣ нест.
Қаноатмандӣ аз интихоби касб ҳамчунин бо омодагии ҷавонон таъмин карда мешавад, яъне бо мавҷудияти малакаҳое, ки барои кори мустақилона ва омодагӣ барои бартараф кардани шароитҳои имконпазири номусоид заруранд.
Нақшаҳои касбии бисёре аз хатмкунандагони марказҳои таълимӣ дар асоси ба назар гирифтани меъёрҳои муайян сохта мешуданд, дар ҳоле, ки дигараш, ки на камтар аз муҳим аст, аз мадди назар дур мондааст. Аз ин лиҳоз, баъзе хатмкунандагон барои амалӣ намудани нияту имкониятҳои касбии худ ҳеҷ гоҳ кӯшиш накарданд, ки боиси номуайянӣ ва ноустувории онҳо дар бозори меҳнат гардид. Аз ин рӯ, таъсис ёфтани Маркази роҳнамоии касбии ҷавонон дар сатҳи минтақавӣ аҳамияти хоса дорад.
Нақшаҳои касбии бисёре аз хатмкунандагони марказҳои таълимӣ дар асоси назардошти меъёрҳои алоҳида сохта мешуданд, дар ҳоле, ки чизҳои дигар аз мадди назар дур мемонданд. Аз ин лиҳоз, қисме аз хатмкунандагон барои амалисозии нияту имкониятҳои касбии худ кӯшиш накарданд, ки боиси номуайянӣ ва ноустувории онҳо дар бозори меҳнат гардид. Аз ин рӯ, таъсиси Марказҳои роҳнамоии касбӣ дар сатҳи вилоят аҳамияти хоса дошт.
Фаъолияти муштараки Марказҳои роҳнамоии касбӣ бо Агентиҳои меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру вилоят метавонад дар ташаккули асосноки илмии бозори касбу ҳунар дар минтақа қадами аввалин бошад.
Барои бомуваффақият пешгӯи намудани сохтори касбии ҷомеаи оянда, бояд хуб донист, ки кадом касбҳо, барои чӣ ва чӣ қадар лозиманд. Дар баробари ин, оид ба дурнома ва ҷараёни сохтори соҳавии шаҳр ва минтақа сари вақт ба ҷавонон ва волидон маълумот дода шавад.
Дар рафти фаъолияти системаи роҳнамоии касбӣ робитаи зич бо Агентиҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ мушоҳида мегардад, ки бо назардошти он яке аз самтҳои асосии Маркази роҳнамоии касбӣ ин амалӣ намудани чораҳои эҳтиётӣ ҷиҳати пешгирии бекории дар байни ҷавонон мебошад.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки системаи ҳамаҷонибаи роҳнамоии касбӣ яке аз қадамҳо дар ташаккули асосноки бозори касбу ҳунар маҳсуб ёфта, он яке аз методҳои паст кардани шиддатнокӣ дар самти иҷтимоию меҳнатии ҷавонон, бекорӣ дар байни ҷавонон, ҳамоҳангии инсон бо ҷомеа ва институтҳои он оид ба ҷойҳои холии корӣ равона гардидааст. Дар системаи ҳамаҷонибаи роҳнамоии касбии ҷавонон фаъолияти Марказҳои рушди захираҳои меҳнатии донишҷуёни муасиссаҳои олӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад.
Соибҷон Зардаков
Мутахассис-барномасози
системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ