« Риояи ҳуқуқи ноболиғону ҷавонон,ва пешгирӣ аз поймолшавии
ҳуқуқҳои онҳо,»
Ҳамкории судманд
Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ кор мекунем, вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳамкориҳои судмандро бо капитани милитсия Садиров Умед Ҷамшедович нозири калони шуъбаи кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин,бо ноболиғон пайваста вохуриҳо баргузор мондаем. Дар вохуриҳои ҷамбасти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2014,№169 “Дар бораи Рӯйхати корҳои шароиташон зараровар ва хатарнок,ки истифодаи меҳнати ашхоси аз 18 сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо” ва боби 15 кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Хусусияти танзими меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида” моддаҳои 207-2014 сармашқи ин ҳамкориҳои судмандро ташкил медиҳад.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014,№690 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” мавриди корбарӣ қарор дода мешавад.
Тибқи меъёрҳои давлатӣ ва байналмиллӣ шахсони то синни 18-сола ноболиғ ҳисобида мешаванд. Омилҳои пайдошавии меҳнати кӯдак сабабҳои иқтисодиву иҷтимоӣ доранд. Иқтисодиёти ноустувор ,муҳоҷирати меҳнатӣ, афзоиши шуғли ғайрирасмӣ, камбизоатӣ ва бекорӣ ба ин омилҳо шомил мебошанд.
Баргузор намудани маъракаҳои дастаҷамъонаи иттилоотӣ ва чорабиниҳои омавии фарҳангию варзишӣ бахшида ба 28-апрел-Рӯзи Байналмиллалии ҳифзи меҳнат,1 июн-Рӯзи Байналмилалии ҳифзи кӯдакон,12 июн-Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза ба меҳнати кӯдакон ва 20 ноябр-Рӯзи Умумиҷаҳонии ҳуқуқи кӯдакон дар барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон нақши созгоре мегузоранд.
Ба гуфти нозири калони ГОПҲНҶ ШВКД дар ноҳияи Шамсиддин капитани милитсия Садиров У.Ҷ ба муносибати ҷашни соли нави мелодии 2022 ва 8-уми март бахшида ба иди модарон ва барои ҳавасманд гардонидани аъзоёни фаъоли гурӯҳи “Авангард” бо туҳфаҳои идона иборат аз 15 нафар-8 нафар духтарон ва 7 нафар писарон аз тарафи роҳбарияти шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи
Шамсиддин Шоҳин қадрдонӣ гардонида шуданд. Рўзӣ 23 май бахшида ба рӯзи ҷавонон дар қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки фаъоли ҷавонони “Авангард” ҷорабинӣ баргузор гардида ба 8 нафар писарон ва 8 нафар духтарони фаъол аз тарафи роҳбарият туҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд.
Дар ҳамаи чорабиниҳои якҷоя ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баромадҳо аз тариқи ахбори омма оид ба боби 15 кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Хусусияти танзими меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида” диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Таъкид менамоем, ки кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида дар муносибатҳои меҳнатӣ бо ҳуқуқи дигар кормандон баробар буда, онҳо дар ҳифзи меҳнат, вақти кор, вақти истироҳат ва дигар шароити меҳнат аз кафолатҳои иловагии муқаррарнамудаи Кодекси меҳнат бархурдоранд.
Мутобиқи моддаи 208 кодекси мазкур дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарноку хатарнок, истифодаи меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, инчунин дар корҳое, ки иҷроишашон ба саломатӣ ва инкишофи маънавии онҳо зарар мерасонад, манъ аст.
Аз ҷой ба ҷойи дигар ва аз кор ба кори дигар гузаронидани кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, ки меъёри муқаррар гардидаи кор барои онҳо вазнин мегардад, манъ мебошад.
Бо дастрасии Моддаи 209 падару модар, васӣ (парастор) ё мақомоти ваколатдор дар ҳолатҳое,ки идома додани кор ба саломатии кормандони аз синни ҳаждаҳ хурд зарарнок ё бо зарари дигар вобаста бошад, ҳуқуқи талаб намудани қатъи шартномаи меҳнатиро доранд.
Моддаи 210 корфармоёнро вазифадор менамояд,танҳо баъд аз муоинаи тиббӣ бо кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, шартномаи меҳнатӣ банданд. Ҳар сол онҳо бояд аз муоинаи ҳатмии тиббӣ аз ҳисоби корфармо гузаронида шаванд.
Моддаи 211 давомнокии вақти корӣ барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасидаро ба танзим медарорад:
- барои кормандони аз чордаҳсола то шонздаҳсола - на зиёда аз 24 соат дар як ҳафта;
- барои кормандони аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола - на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта;
- барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ, ки якҷоя дар давраи соли таҳсил кор ва таҳсил мекунанд, аз чордаҳсола то шонздаҳсола - 2,5 соат дар як рўз ва аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола - 3,5 соат дар як рўз.
Пардохти музди меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида бо назардошти рўзи кории кўтоҳкардашуда ба амал бароварда мешавад. Корфармо метавонад ба кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида
то сатҳи музди меҳнати кормандони давомнокии пурраи рўзи корӣ дошта иловапулӣ пардохт намояд.
Мутобиқи моддаи 213 ҷалб намудани кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида ба корҳои шабона, изофакорӣ, ба ҳисобгирии якҷояи вақти корӣ, фиристонидан ба сафари хизматӣ ва иҷрои корҳои вахтавӣ,
инчунин бозхондани онҳо аз рухсатии ҳарсолаи меҳнатии пардохт шаванда манъ аст.
Як масъалаи баҳсталаб, ки миёни волидону кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба миён меояд, ин дар нуқтаҳои савдо кор кардани ноболиғон аст. Бо дарназардошти моддаи 214 кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида бастани шартнома оид ба ҷавобгарии пурраи моддӣ манъ аст.
Садиров Умед Ҷамшедович нозири калони шуъбаи кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар чорабиниҳои оммавӣ миёни волидону наврасон “Тартиби баррасии муроҷиати кӯдак дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2022,№194б/3 тасдиқ шудааст, дастрас намуда оиди раванди қабул, бақайдгирӣ, баррасӣ ва ҳалли муроҷиати кӯдакон,намояндагони онҳо ва дигар шахсони аз номи кӯдак ва манфиатҳои кӯдак корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотии муфиду таъсирбахшро роҳандозӣ менамояд. Инчунин дар ҳолатҳои мусоид, суҳбатҳо ва чорабиниҳои расмию ғайрирасмӣ оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, баромаду гузоришҳои ҷолиберо ба анҷом мерасонад.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2022,№263 “Дар бораи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040” дар самти шуғлнокии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкории расмӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагонии аҳолӣ , ҳифзи манфиату ҳуқуҳои меҳнатии кормандон нақши бузурге мебозад.
Ҷиҳати риояи ҳуқуқи кӯдак ва пешгирӣ аз поймолшавии ҳуқуқҳои он оилаи солим ва муҳити солим нақши асосӣ дорад. Ҷомеаи комил бояд роҳи вайрон гаштан ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва бесарпараст мондани кӯдаконро гирад. Агар ҳам зан ва ҳам мард шуғли доимӣ дошта бошанд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мушкилӣ зиёд набошад,
баробарҳуқуқии модару падар дар оила риоя гардад, оила устувор мемонад.
Масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд бештару хубтар зоҳир мегардад. Таъсиси боғчаҳои бачагон ва ба онҳо ҷалб гардонидани кӯдакон, алоқаи мунтазами оила бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ боиси хушахлоқӣ ва масъулиятшиносии фарзондон мешаванд. Риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзанд” таъмин мегардад.
Фикри шахсии кӯдак, ҳувияти кӯдак-сину сол, ҷинс, миллат, мазҳаб, эътиқод, ҳувияти фарҳанги ҳамчун манфиатҳои беҳтарини кӯдак мудом ба инобат гирифта мешаванд. Мавридҳои, гуреза ва ё паноҳҷӯй будан, ҳолатҳои зӯроварӣ ва қурбонии савдои одамон қарор доштани кӯдак низ бояд аз назар дур намонад.
Ҳуқуқи кӯдак ба зиндагии оилавӣ, саломатӣ, таҳсил, ҳимоя ва бехатарӣ таъмин карда шавад. Дар мақомотҳои корҳои дохилӣ манфиатҳои кӯдак одилона ва беғаразона баррасӣ мегарданд ва ба табъиз(дискриминатсия) ҳеҷ гоҳ роҳ дода намешавад. Кӯдакону волидон бояд дар симои кормандони милитсия ва дигар сохторҳои давлатӣ ҳомии сазовори ҳуқуқу манфиатҳои худро бинанд.
Ҳамкориҳои судманд бо шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ минбаъд низ дар ноҳия идома дода мешавад.
Шайдулло Назаров
Сармутахассиси ШАМ ваША
дар н.Шамсиддин Шоҳин