Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 3-сентябри соли равон дар Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҷлиси тантанавӣ  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор  гардид.
Нахуст сардори  Раёсати Рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Гулҷаҳон  Абдуфатоҳзода ба кормандони сохторҳои таркибии вазорат мукофотҳои давлатиро тақдим намуда, хозиринро ба ин  санаи  фархунда муборакбод  намуд.
Сипас Вазири меҳнат, муҳоҷират ва  шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Амонзода  Ширин  Шодӣ бо зикри дастовардҳои соҳа дар  30-соли  соҳибистиқлолӣ  ҳозиринро табрик намуданд.
Қайд карда шуд, ки Истиқлолияти  давлатӣ бо  тамоми  ҷанбаҳои сиёсию маънавӣ ва хусусияти қудсияш миллати ҷафодидаву соҳибтаърихии моро баъди  садсолаҳои бедавлатию бесарварӣ бар асолати  давлатдории миллии худ васл намуд ва барои ҷараён собит кард, ки миллати тоҷик ҳувият, шарофат  ва  ғурури  давлатдорию  давлатсозии  хос  дорад.
Дар ин муддат, кишвар дар  тамоми  самтҳо  худро аз нав  сохт, шохаҳои ҳокимияти давлатиро мустаҳкам намуд ва зиндагии мардумро ба самти фараҳу шодмонӣ ва илму маърифат раҳнамун сохт.
Дар давоми 30-соли соҳибистиқлолӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ шароиту мусоид фароҳам омад, бо дастгирии бевоситаи Роҳбарияти Олии кишвар  дар  соҳаҳои  иқтисодиёт 4,8 миллион ҷойи корӣ таъсис  дода шуд.
Танҳо аз соли 2014 то имрӯз қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ наздик ба 100 ҳазор нафарро ташкил дода, ҳамаи он дар заминаи имкониятҳои моддию техникии ин муассисаҳо ихтисоси мавриди ниёзи худро омӯхтаанд. Инчунин  тавассути  курсҳои кӯтоҳмуддат дар ин муассисаҳо наздик ба 70 ҳазор шаҳрвандон аз рӯи 57 ихтисос ба касбомӯзӣ  фаро  гирифта шудаанд.
Дар фарҷоми маҷлиси тантанавӣ дар асосӣ Мутобиқи моддаи 69 конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2021 таҳти рақами №232 ба Директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳтарам Баротзода Бобохон Хол Рутбаи тахасусии Мушовири давлатии дараҷаи 2 ба муовини  якуми директори Агентии меҳнат ва шуғи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Носирдоза Давлат  Мизроб  рутбаи тахассусии Мушовири  давлатии  дараҷаи 3 сарфароз  гардонида ва ба як идда кормандони вазорат, дастгоҳи маркази ва зерсохторҳои он  барои ноил гардидан ба дастовардҳо ва комёбиҳои хизматӣ бо  мукофотҳои  соҳавӣ  қадрдони  шудаанд.

Мудири бахши Иттилоотӣ
Сафарова Н. М.

Шарикони мо