ХАБАР
Ахборот аз рафти баргузории мизи мудаввар оид ба ба татбиқи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020-2025” инчунин иҷрои талаботи Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2022”
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ санаи 12 апрели соли 2022 оид ба татбиқи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020-2025”, инчунин иҷрои талаботи Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2022” мизи мудаввар бо иштироки Қодирӣ Суҳайлӣ Абдуҳафизода – Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ ва муассисаҳои таълимии систеами Агентӣ баргузор намуд.
Маҷлисро муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Носирзода Давлат Мизроб оғоз намуда, сараввал Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Қодирӣ Суҳайлӣ Абдуҳафизодаро аз номи роҳбарияти Агентӣ ва кормандон барои иштирокашон изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҳамзамон Носирзода Д.М., қайд намуданд, ки дар тӯли солҳои Истиқлолият бо икдомҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, сулҳу Ваҳдатро пойдор намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эҳтиром, эътироф, ҳимоя ва ҳифз карда, миёни кишварҳои дунё яке аз ташаббусҳои муҳимро дар раванди амалисозии арзишҳои минтақа ва ҷаҳон мақому манзалати худро пайдо кардем.
Бояд қайд кард, ки яке аз самтҳои фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳифзи меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ мебошад, ки ҳамкориҳоро бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзӯр ва мунтазам ба роҳ мондан шарт ва зарур мешуморем.
Бояд қайд намуд, ки Агентӣ дар асоси қонуни болозикр ва Нақшаҳои чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба иҷрои Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ
оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020-2025” ва иҷрои талаботи Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2022” таҳия ва тасдиқ намуда унвонии зерсохторҳои тобеи Агентӣ барои корбарӣ ирсол намуд.
Инчунин бо мақсади дуруст ба роҳ мондани раванди қабул, бақайдгирӣ баррасӣ ва ҳалли муроҷиатҳои кӯдак, намояндагони онҳо ва дигар шахсонро аз ном ва ба манфияти кӯдак, Тартиби баррасии муроҷиати кӯдак бо Фармоиши директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз 12 апрели соли 2012 №14, таҳия ва тасдиқ гардида, иҷрои Тартиби баррассии муроҷиати кӯдак дар дастгоҳи маркзии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, сохторҳои таркибӣ ва муассисаҳои таълими касбии системаи он тибқи талаботи тартиби мазкур амалӣ карда мешавад.
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъмини иҷрои саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020-2025”, инчунин иҷрои талаботи Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2022” зери назорат қарор дода, барои ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Сармутахассиси
шуъбаи ҳуқуқ Курбанова Н.С.