Дар кори ҷаласа муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Насим, муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Иброҳимзода Саидакбар, муовини директори Агентӣ Муродзода Умед ва сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамои касбӣ» ва марказҳои таълимии системаи Агентӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласа муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Муродзода Умед ва сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамои касбӣ» ва марказҳои таълимии системаи Агентӣ дар баромади худ оиди натиҷаҳо, дастовардҳо ва мушкилиҳо дар нуҳ моҳи соли 2025 маълумоти муфассал дода, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта то охири сол муваззаф гардиданд.