Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
«Беҳтар гардонидани муносибатҳои меҳнатӣ вазифаи мост»

Яке аз вазифаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ин таҳким ва тақвият бахшидан ба муносибатҳои меҳнатӣ байни корфармоён ва кормандон мебошад. 
Дар асоси ин гуфтаҳо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Роғун дар ҳашт моҳи соли равон тибқи Нақша-чорабиниҳои аз тарафи директори Агентӣ тасдиқгардида «Дар бораи баргузор намудани мизҳои мудаввар, семинарҳои машваратӣ, омӯзишӣ, дастурдиҳӣ, баромад тариқи ВАО ва расонидани кӯмаки методию амалӣ дар самти меҳнат ба корхона, ташкилот ва муассисаҳои ҳудуди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» дар ташкилоту корхонаҳои гуногунсоҳаи ҳудуди шаҳри Роғун 9 маротиба семинар-машварат бо иштироки 223 нафар, 9 маротиба мизи мудаввар бо иштироки 146 нафар доир ба талаботи Кодекси меҳнатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ, ташкил ва баргузор намуд. 
Дар ин давра кормандони шуъба ба 40 адад корхонаю ташкилотҳо ташриф оварда ба 72 нафар кормандони онҳо вобаста ба ҳифзи меҳнат, пешгирӣ намудан аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, роҳ надодан ба пайдошавии бемориҳои касбӣ, фаҳмонида додани ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон ва корфармоён, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон дар корхона ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва ҳуқуқиашон,  ташкил намудани намояндагии кормандон, ба имзо расонидани созишномаю шартномаҳои коллективӣ ва қарордодҳои меҳнатӣ, саривақт пардохт намудани музди меҳнат, бартараф намудани қарздорӣ аз музди меҳнат, зиёд намудани музди маоши кормандон ва таъмину риояи талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти мазкур хизматҳои машваратӣ расонида шуд. 
Ҳамзамон, бо мақсади оммафаҳм гардидани самтҳои фаъолияти шуъбаи Агентӣ дар шаҳри Роғун 6 мақолаю ахборот оид ба ҳифзи меҳнат, ҳунар беҳтар аз зар ва ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ аз ҷониби мутахассисони шуъба омода шуда, барои нашр намудан ба рӯзномаи маҳаллии «Нури Роғун» ва ҷой додан дар сомонаи расмии дастгоҳи марказии Агентӣ пешниҳод гардид.
Бояд тазаккур дод, ки масаъалаи зиёдшавии музди миёнаи меҳнат, пардохти саривақтии музди меҳнат ва роҳ надодан ба пайдоиши қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат низ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат маҳсуб ёфта, дар маҳал пайваста таҳти назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия, мақомоти давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мақомоти омор ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ  қарор дорад.  

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф кардани қарздории музди меҳнат дар корхонаю ташкилотҳои шаҳри Роғун бо амри Раиси шаҳр дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ситоди корӣ аз 06 октябри соли 2017, №172 «Комиссия оид ба пардохтҳои қарз дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва хоҷагиҳои шаҳр» таъсис додашуда, фаъолият менамояд. Ситоди кории болозикр, оид ба масъалаи пешгирӣ ва бартараф кардани қаздории музди меҳнат дар ҳашт моҳи соли равон се маротиба ҷаласаи кории худро аз ҷумла, 22 феврали соли 2021, №1, 11 майи соли 2021, №2 ва 04 августи соли 2021, №3 ташкил ва баргузор  намуд, ки дар кори он пайваста масъалаи сари вақт пардохт намудани музди меҳнат, омилҳои пайдошавӣ қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат, пешгири ва зина ба зина бартараф кардани қарздории музди меҳнат дар корхонаҳо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор мегирад. Дар ҷаласаи навбати аз ҷониби Раиси Ситод муовини якуми раиси шаҳри Роғун қайд гардид, ки айни замон қарзи музди меҳнат дар ташкилоту корхонаҳои ҳудуди шаҳр нисбат ба моҳи январи соли равон 76,4% кам гардидааст, ки ин ба манфиати кор мебошад. Қайд кардан зарур мебошад, ки дар Ситод кори аъзоёни он ва роҳбарону намояндагони ташкилоту корхонаҳои қарздор мунтазам фаъолона иштирок варзида, оиди омилҳои пайдоиш ва пешгирию бартарафсозии қарзи музди меҳнат фикру мулоҳизаҳои худро баён менамоянд.

Илова ба ин, дар ҷаласаҳои Ситоди корӣ Раёсати молияи шаҳри Роғун мунтазам ҳисобот дода, иброз мегардад, ки  музди меҳнати кормандони корхонаю муасиссаҳои аз ҳисоби буҷет пардохтшаванда саривақт музди маошашонро мегиранд ва дар ин соҳа қарздорӣ мавҷуд намебошад.
Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Роғун кушиш менамояд, ки дар беҳтар гардонидани муносибатҳои меҳнатӣ дар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр саҳми худро гузошта, корро дар ин самт боз ҳам беҳтару хубтар роҳандозӣ менамояд.

Масъули иҷро:
Мутахассиси пешбари
шуъбаи АМ ва ША дар ш.Роғун
Искандарзода М.Б.

Шарикони мо