Татбиқи барномаи давлатӣ
Кор ба бекорон
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли ахолӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷиҳати татбиқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2020-2022 амалигардонии як қатор тадбирҳо, аз ҷумла гузаронидани мизҳои мудаввар, семинарҳои машваратию омӯзишӣ, дастурдиҳӣ, баромадҳо тариқӣ воситаҳои ахбори омма ва ҳар моҳ ташкил намудани ярмаркаҳои ҷойҳои холии корриро ба нақша гирифтааст.
Чанде пештар Раёсат бо сарварии Алишер Қурбонализода ҷиҳати бо кор таъмин намудани шаҳрвандони бешуғл якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба ва ташкилоту корхонаҳои гуногун дар назди фурӯшгоҳи “Табассум” ярмаркаи ҷойҳои холии корро баргузор намуд. Дар ярмарка 12 корхонаю муассиса, аз ҷумла раёсати маориф, хоҷагии манзилию комуналӣ ва сохтмонӣ, ҶДММ “ Доро-Оҳангар”, хоҷагии чангал, шабакаи КАТС, ташкилотҳои сохтмонӣ ва ғайраҳо ширкат намуданд. 255 шаҳрванди бешуғл бо шарту шароитҳои ҷойҳои кор шинос шуданд.Ба 15 нафар барои кор роҳхат дода шуд.Умуман, аз оғози соли равон то имрӯз бо иптикори раёсати меҳнат ва шуғли аҳолӣ 200 нафар шаҳрвандони бешуғл соҳиби ҷойҳои кори доимию мавсимӣ гардиданд.
Қайд кардан бо маврид аст, ки соли гузашта Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати бо кор таъмин намудани шаҳрвандон 12 маротиба ярмарка гузаронд, ки дар натиҷа 1555 нафар шахсони бекорро дар ташкилоту муассисахо ва хоҷагиҳои гуногун бо шуғл таъмин намуд. Имсол бошад, имкониятҳоро ба назар гирифта, мақсад дорад, ки алоқаро бо ташколоту муассисаҳо хубтар ба роҳ монда ба беш аз 1200 нафар шаҳрвандро бо ҷойҳои кори доимию мавсимӣ таъмин созад.Ба ин хотир тадбирҳои иловагиро низ, аз қабили дастгирии шахсони бекор дар рушти соҳибкорӣ тариқи қарзҳои хурд, сафарбаркунӣ ба омузиши касб ва такмили ихтисоси бекорон, роҳнамоии касбӣ ба ахолӣ ва мусоидат намудан дар корёбӣ, андешида истодааст.
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
дар шаҳри Ваҳдат; Саъдулллоева М .С.