Аз ҷумла 7 сентябри соли 2021 ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ қонуни авф қабул карда шуд, ки тибқи он 11 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардид.
Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.
Дар натиҷа, аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, мо барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонидем.
дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.
Доир ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии аҳолӣ.
«дар зарфи солҳои истиқлолият дар мамлакат беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шароити зиндагии сокинони мамлакат тадриҷан беҳтар гардида истодааст.
Саноат.
2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.
Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад.
Дар давоми панҷ соли оянда, яъне дар доираи «Солҳои рушди саноат» тавассути таъсиси корхонаҳои нав, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, афзоиш додани ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок ва коркарди маъдан ба фаъолият оғоз кардани боз якчанд корхонаи бузурги соҳаи маъдан оид ба коркарди ниҳоии ашёи хом бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ имконпазир мебошад.
Ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, бахусус, барои занону бонувон имконият медиҳад, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо таъмин намоянд.
Афзоиши музди меҳнат ва нафақаҳо
«Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошанд.
Бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ зарур аст, ки Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин, барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шаванд.
Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки Ҳукумати мамлакат вазифадор аст то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.
Дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб гардонида шаванд.
Илова ба ин, зарур аст, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар карда, ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таъсис дода, ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд.
Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.