Дар замони Истиқлол яке аз чунин қишрҳои ҷомеа, ки барои ҳамаҷониба ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимою фарҳангӣ, иқтисодию сиёсӣ ҷалб намудани онҳо назаррас аст, занон мебошанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби сиёсие, ки дар даврони ба даст омадани Истиқлол ташкил ва барои таҳкими он хизматҳои шоён кардааст, аз замони таъсисёбиаш дар таърихи 10.12.1994 ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа ва таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” ба занону духтарон таваҷҷуҳи зиёд намудааст. Имрӯз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ ва корҳои ҷамъиятӣ бамаротиб боло рафтааст. Ҷаноби Олӣ дар Паёми ҳарсолаашон ба масъалаи сиёсати занон ҳамеша диққати махсус зоҳир намуда, дар яке аз паёмҳо бисёр ба маврид қайд карданд, ки занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос дар иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ, дар рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва рушди иқтисодии кишвар саҳми арзандаи худро доранд. Ҷои зикри хос аст, ки имрӯз бар асоси Фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” иқдоми ҷиддӣ дар самти боло бурдани мавқеи зани тоҷик дар ҷомеа мавриди амал қарор гирифта, ин ҳама ифодагари иродаи сиёсии роҳбарияти олии мамлакат ва эътимоду боварӣ ба қудрату садоқати зани тоҷик ҳаст ва хоҳад монд. Амали мазкур нишондиҳандаи дастгириҳои ҳамасолаи Ҳукумат ва Давлат дар самти ҳавасмандгардонии ин қишри ҷомеа ва ҷалби васеи онҳо ба корҳои идоракунӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад, ки ин бори дигар аз нерӯи созандаю ободкори занони кишвар шаҳодат медиҳад.
Занон дар корҳои ҳизбӣ хеле фаъол гашта истодаанд. Яке аз вазифаҳои асосии фаъолзанони ҳизбӣ ин кор бурдан дар байни занони хонашин ва тарбияи духтарон мебошад. Занону духтарони тоҷик сарфи назар аз он, ки дар кадом мақоме фаъолият дошта бошанд, бояд бо гуфтору ахлоқи ҳамидаи худ фарқ намуда, намунаи ибрати дигарон бошанд. Айни замон мутобиқи ҳисоботи оморӣ бештари аъзои ҳизбро занҳо ташкил медиҳанд, ки ин як қувваи бузурги фаъолзанон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мебошад. Бе муҳобот занон дар сафи пеши ҳизб қарор дошта, дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ ширкат варзида, дар мактаби ҳизбӣ обутоб ёфта, маҳорати кордонии худро такмил дода истодаанд. Аз ҳамин зина низ ба кадрҳои роҳбарикунанда пешниҳод мегарданд.
Бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани соҳибистиқлол ҳар яки мо занону модарони бонангу номуси тоҷик, бахусус дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир дар паҳлӯи якдигар бошем, Сулҳу Ваҳдати бо хуну ҷон ба даст овардаро мисли гавҳари бебаҳотарин ҳифз намуда, ба наберагонамон - насли ояндасози миллату давлат мерос гузорем.
Мардонзода Гулбаҳор Мардон,
муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ "Шуғл"- и Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ