“Касбро бошуурона ва дуруст бояд интихоб кард”
Касбро бошуурона ва дуруст бояд интихоб кард Низому раванди интихоби касб, барои иҷрои вазифаҳои муҳимтарини ҳаёти имрӯза ва ояндаи ҷомеа, яъне тайёр кардани кормандони соҳибкасбу лаёқатманд, расонидани кӯмаки амалӣ ба ҷавонон ва шахсони бекор аҳмияти калон дорад.
Зеро интихоби бошуурона ва дурусти касб, барои ҷавонон имкон медиҳад, ки дар зиндагонӣ мавқеи устувору арзандаи худро ишғол кунанд, ба нафъи халқу кишвари худ бо майлу рағбати том ва босамар хизмат намоянд. Чи тавре ки таҷрибаи бойи ҳаётӣ исбот кардааст, интихоби мустақилона ва озодонаи касб шахсро ба қуллаҳои баланд мерасонаду бемаъсулиятона ва нодуруст интихоб кардани он боиси дилмондагию пушаймониҳо мегардад. Ҳамин тариқ, интихоби бошууронаи касб низоми илман асоснок, озоду мустақилонаи дилхоҳ буда, дар омодасозии ҷавонон ба ояндаи шукуфону дурахшон ҳидоят мекунад.
Аз ин лиҳоз, низому раванди интихоби касб дар марҳилаи имрӯза ва ояндаи тараққиёташ муваззаф аст, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ, мактаб, оила, муассисаҳои иҷтимоиро, ки дар татбиқи он ширкат меварзанд, мутобиқ гардонад. Ҳамчунин ба мунтазам ва сари вақт ҳал намудани масъалаҳои илмӣ ва ташкилии бо интихоби касб алоқаманд, банақшагирии ҳамаҷонибаи таъсири интихоби касб ба шахсият бо дарназардошти пешбинии иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат мекунад.
Бинобар ин, раванди интихоби касби шахсиятро аз як тараф ҳамчун қисми таркибии пешбинии иҷтимоӣ, аз ҷиҳати дигар чун натиҷаи ниҳоии он маънидод бояд кард. Зеро пешбинии иҷтимоӣ ба ҷавонон имкон медиҳад, ки ихтисосро бошуурона, бо эҳсоси вазифаи шаҳрвандии худ ва масъулиятшиносӣ интихоб намоянд. Бо ибораи дигар, тайёрӣ ба интихоби касб қисми таркибии рушду камолоти ҳамаҷониба ва тадриҷии ашхос буда, онро дар якҷоягӣ ва алоқамандӣ бо такомули ахлоқию маънавӣ, меҳнатӣ, фарҳангӣ ва ҷисмонии шахсият баррасӣ бояд кард. Метавон бори дигар такрор кард, ки интихоби касбро ҳамчун раванди бардавом, то ба андозае раванди бебозгашти иҷтимоии ин ё он касбро пеша кардани шахсият маънидод кардаанд.
Мудири бахши машварати касбӣ
ва интихоби касбии Маркази роҳнамоии касбӣ
дар ноҳияи Зафаробод
Раҳимов И.