Хабар
Мавзу: «Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо масъулини корхонаю
муассисаҳо вобаста ба татбиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии
соҳаи меҳнат семинар-машварат баргузор гардид»
Бо мақсади ба низом даровардани танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию меҳнатии шаҳрвандон, ҷалби теъдоди ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат ба меҳнати арзанда, коҳиш додани сатҳи бекорию баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, зиёд кардани даромади кормандон, афзоиши ҳиссаи шуғли расмӣ, ташкили корҳои маълумотдиҳӣ ба аҳолӣ дар хусуси оқибатҳои манфии шуғли ғайри расмӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва такмили бозори меҳнат дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам тадбирҳои судманд роҳандозӣ меагарданд.
Дар ин замина, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони қобили меҳнат, мусоидат ба корхонаю ташкилотҳо ва барои таъмини шароити зарурии меҳнати кормандон Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои муштарак ва низомномаю дастурамалҳои намунавии соҳавӣ аз ҷониби мутахасиссони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ таҳия гардида, мавриди амал қарор доранд.
Дар робита ба гуфтаҳои боло ва дар асоси Нақшаи чорабинҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18-уми майи соли 2022 дар МД «Қасри фарҳанг»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ташабуси мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ семинар-машварат оид ба рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №701 «Дар бораи маъқул донистани Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023», аз 30 августи соли 2019, №439 «Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023», доир ба боби 11 «Музди меҳнат» аз моддаҳои 139 то 163 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 38 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Таъмини ҳифзи меҳнат» аз моддаҳои 349 то 358 ва қарори Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2018, №18 «Дар бораи Низомномаи (намунави) Хадамоти (раёсати, шуъбаи, бахши) ҳифзи меҳнат дар ташкилот» бо иштироки зиёда 100 нафар намояндагони корхона, муассиса ва ташкилотҳои ноҳия гузаронида шуд.
Дар семинари мазкур, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ф.Ҳомидзода, мутахассисони Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд А.Камолов, М.Яқубӣ, сардори шуъбаи ҳуқуқӣ Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд И.Бузургов ва сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ф.Искандаров иштирок намуданд.
Аз рўи масъалаи якуми рўзномаи чорабини сардори шўъбаи ҳуқуқии Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти вилояти Суғд И.Бузургов баромад намуда, доир ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маъқул донистани Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023» суханрони намуд.
Сипас, аз рўи масъалаи дуюми рўзнома сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ф.Искандаров доир ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» баромад намуда, вобаста ба талаботи қарори мазкур, аз ҷумла, роҳҳои пешгири намудани шуғли ғайрирасмӣ ва оқибатҳои манфии он ба ҳозирин маълумоти мушаххас манзур намуд.
Аз рўи масъалаи сеюми рўзнома мутахассисони Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд А.Камолов ва М.Яъқубӣ оид ба бобҳои 11 «Музди меҳнат», 38 «Таъмини ҳифзи меҳнат» аз моддаҳои 139 то 163 ва аз моддаҳои 349 то 358 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2018, №18 «Дар бораи Низомномаи (намунави) Хадамоти (раёсати, шуъбаи, бахши) ҳифзи меҳнат дар ташкилот» баромад намуданд.
Дар анҷоми вохўрии мазкур, саволу ҷавобҳо доир ба рўзҳои пардохти музди меҳнат, рухсатиҳои меҳнатӣ, ду ҷойя корӣ, пардохти музди меҳнати шабона, додани роҳхатҳо барои солимгардонӣ, шуғли бақайдгирифта нашуда, тарзи дурусти ҳисоб намудани рухсатиҳои ҳомиладорӣ ва таваллуд, ҳифзи меҳнат дар ташкилот, тарзи дуруст таҳия намудани шартномаҳои коллективӣ ва бақайдгирии он доир гардид.
Маврид ба зикр аст, ки аз тарафи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи Нақша чорабиниҳои тасдиқгардида дар давоми чор моҳи соли 2022 вобаста ба масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва роҳ надодан ба бемориҳои касбӣ, коллективи меҳнатӣ ва шарикии иҷтимоӣ дар корхонаҳо, ташкили иттифоқҳои касаба ва намояндагии кормандон, бастани шартномаҳои коллективӣ ва қарордодҳои меҳнатӣ ва ғайраҳо, ки аз талаботи муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти муносибатҳои меҳнатӣ бармеоянд панҷ маротиба чунин вохўриҳо бо корфармоёну кормандон баргузор намуданд.
Илова ба ин дар давраи мадди назар, кормандони раёсат ба 150 адад кохонаю муассисаҳои ноҳия ташриф оварда ба кормандони онҳо дар хусуси ҳалли масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ хизматҳои машварати расонидаанд.
Ф.Искандаров - сардори Раёсати
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров