Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ҲАСАНЗОДА ГУЛНОРА КЕНҶА БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЛИМИРЗАМИН АСКЕРОВ

Санаи 26 январи соли 2024 вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскеров баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамкориҳои мутақобилаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон соли 2014 дар асоси муқаррароти Протоколи ҷаласаи 3-юми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, “Созишнома байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ” аз 20 июни соли 2016 ва “Нақша чорабинӣ оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2024 - 2025” аз 23 ноябри соли 2023 роҳандозӣ мегардад.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаи рақамикунонии системаи муносибатҳои меҳнатӣ, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, аз ҷумла гузариш ба барномаи “Системаи иттилоотии бозори меҳнат (LMIS), омӯзиши таҷрибаи ин кишвар дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ, соҳаи хизматрасонӣ, пайгирии раванди барасии лоиҳаи “Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои назорати меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспекцияи давлатии меҳнати Ҷумҳурии Озарбойҷон, таҳия ва ба тасвиб расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии назди вазорат ва хадамоти марбутаи ҷониби Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

 

Шарикони мо