Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
дар шаҳри Ҳисор
Санаи 19 январи соли 2023 тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор Юсупов Динмуҳаммад дар Коллеҷи омӯзгории шаҳр, муовини Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва мутахассиси пешбари Раёсати Агентӣ бо омӯзгорони муассисаи болозикр вохӯрӣ намуд. Дар семинар машварати дастурдиҳи мавзӯъҳо оид ба моддаҳои дахлдори Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи шартномаҳои коллективӣ, кор бо шартномаи меҳнатӣ, ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқҳои кормандон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қайд карда шуд, ки ҳангоми бе бастани шарномаи меҳнатӣ кор кардан, корманд ба шуғли ғайрирасмӣ мансуб шуда, аз имтиёзҳои меҳнатӣ ва умуман аз ҳифзи меҳнаташ бархурдор намегардад. Ҳангоми гирифтани зарари ҷисмонӣ ва ё ҳисоби нафақапулӣ низ зарари моддӣ мебинад. Ичунин ба тасвибрасонӣ ва доштани шартномаҳои коллективӣ кафолатҳои иловагӣ дар таъмини шароити хубтари меҳнат, шуғл, бехатарии кор ва ҳифзи иҷтимоии кормандон мебошад.
Сардори Раёсати Агентии меҳнат
ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри
Ҳисор Юсупов Динмуҳаммад