Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Мушкилиҳои интихоби касб дар мактаб

Аз кору фаъолияти худ лаззат бурдан - ин дуруст  ва бехато интихоб намудани касби худ мебошад. Аз ду харрот, ду нонпаз, ду муҳосиб ва ду барномасоз доир ба касбашон агар пурсон шавем, онҳо ҷавобҳои мухталиф медиҳанд. Якеаш бо дилгарми касбашро дўст медорад ва соатҳо дар борааш суҳбатҳо менамояд, дигараш касбашро дўст надошта, дилгиркунанда мегўяд. Хотирнишон кардан лозим, ки дар ин ҷо мақсад худи кор ва фаъолият набуда, балки чи гуна муносибат кардани шахс ба кор ва фаъолияти ў мебошад.яъне ба худи шахс он намуди кор маъқул аст аз худи ў вобастагӣ  дорад.
Одам бо мурури замон ҳаматарафа инкишоф ёфта, муносибаташ низ ба гирду атроф тағйир меёбад, яъне он чизҳое, ки як вақтҳо дилгиркунанда менамуданд, бо мурури замон мумкин аст, ки дилчасп гарданд.  Масалан, хонандаи мактаб бо мурури замон дар синфҳои  болоӣ  дарк  менамояд, ки аз худ намудани фанни геометрия дар оянда барои ў, ки муҳандис шуданист, хело ва хело зарур мебошад.
Чӣ тавре таҷриба дар самти корҳои машварати касбӣ нишон медиҳад, хонандагоне, ки ягон касбро интихоб накардаанд, ба равоншинос чунин муроҷиат намуда, хоҳиш мекунанд, ки бо кадом намуди фаъолияти меҳнатӣ лаёқат доштанашонро муайян карда ба онҳо тавсияҳо дода шаванд.                         
Бо кадом мушкилиҳо хонандагон ва волидайни  онҳо ҳангоми интихоби касби фарзандашон дучор меоянд  ва чӣ гуна ёриро аз мутахассиси машваратчӣ  интизоранд?
Дар ин ҷода  ҳолатҳои гуногун ба назар мерасад, ки якчанд ҳолатҳои  хоси онро дида мебароем;
Масалан, модари хонандаи синфи 9 боварӣ дорад, ки духтарчааш Раъно Н. умуман ба ягон намуди касб шавқу ҳавас надошта, ба ягон намуди фаъолияти касбӣ низ майл надорад, ҳол онки вай бояд аллакай ягон омўзишгоҳи касбиро интихоб намояд, чунки бо сабабҳои мухталиф  таҳсили худро дар синфҳои болоӣ давом  дода наметавонад.
Вале хонандаи синфи 11-ум Умед Д. баръакс ба равоншинос муроҷиат намуда, ба фанҳои химия, математика, таъриху адабиёт шавқ доштани худро маълум намуд ва лозим меояд, ки дар интихоби касб ба ў кўмак намоем. Ё ин ки хонандаи синфи 9-ум касби худро аниқ интихоб кардааст, аммо боварӣ надорад, ки бо ин дониши доштааш мутахассиси хуб шуда  метавонад. Ў низ ба кўмаки равоншинос ниёз дорад.
Дар ҳама ҳолатҳо равоншинос бояд муроҷиати хонанда, муаллим ё волидайнро бо ёрии суҳбат, машварату  тавсияҳо қонеъ  гардонда тавонад.
На танҳо доштани дониши пасти психологӣ (равоншиносӣ) ва на он қадар хуб ошно будан ба олами  касбҳои замонавӣ дар интихоби касби ба ҳаёт зарурӣ хонандагон душворӣ мекашанд, балки мувофиқи тадқиққотҳои гуногун дар ин ҷода гузаронидашуда, хонандагони синфҳои 9-ум ба ҳисоби миёна аз 20-25 номгўи касбҳои зиёдро номбар карда наметавонанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки масъалаи  интихоби касб ҳамеша дар мадди назари хонандагони синфҳои болоӣ буд, аммо  дар шароити имрўзаи прогресси  илму техника ва тарақиёти босуръати давлатҳо ин масъла боз ҳам муҳимтар гардидааст. Ин аст, ки дар бораи  бисёр касбҳои ба вуҷуд омада, хонандагон маълумот надошта ва бисёр касбҳое, ки маълум буданд, тағйири ном намуданд.
Ба ҳама маълум мебошад, ки дар интихоби касб омилҳои  талаботи меҳнат, талаботи шахс ба касб ва хусусиятҳои фардии он дар бомуваффақият аз худ намудани касб, мувофиқат бо фаъолияти меҳнатӣ ва ба  вуҷуд омадани рақобат дар интихоби мутахассисро ба ҳисоб гирифтан лозим аст.
Яке аз воситаи муҳими ҳалли масъалаи интихоби касб дар мактабҳо, ин ташкил намудани синфхона ва гўшаи интихоби касб ба шумор меравад.
Утоқи интихоби касб-ин маркази ташкил ва гузаронидани корҳо дар самти интихоби касб бо муаллимон, хонандагону волидон, инчунин мустақилона шинос шудани хонанда  ба касбҳои замонавӣ, гузаронидани машваратҳои гуногуни  фардию  гурўҳӣ доир ба интихоби касб мебошад.
Вазифаҳои утоқ:
1.Утоқ бояд ҳамҷун маркази роҳнамоии касбӣ дар мактаб бошад.
2.Утоқ бояд макони ташкили машваратҳои маълумотдиҳӣ барои хонандагон, омўзгорон ва волидон бошад.
3.Утоқ бояд макони ташкили машваратҳои касбӣ, ташхиси касбӣ ва тестҳои касбӣ бо мақсади муайян намудани шавқу рағбати хонандагон бошад.
4.Утоқ бояд ҷамоварандаи шарҳи касбҳо ва адабиётҳо дар бораи худмуайянкунии касбии хонандагон бошад.
Бояд донист, ки нишон додани тарзу равиши касбинтихобкунӣ дар мактаб ва  маҷмўи корҳои тарбиявии бо хонандагон гузаронидашуда, таккони беандозае мешавад ба болоравии фаъолияти ҳам худи хонандагон, ҳам омўзгорон ва ҳам волидон. 
Яке аз мушкилиҳои интихоби касб-ин дар бисёр мактабҳои ҷумҳурӣ набудани синфхона ва гўшаи интихоби касб мебошад, ё бошад ҳам  на онқадар кореро ба сомон мерасонад.
Шўроҳои интихоби касб дар мактабҳо мавҷуд  буда, валекин дар назди шўрои педагогии мактаб қариб, ки ҳисоботи ҳар як чорякии худро намерасонанд.
Дар аксари мактабҳои ҷумҳурӣ мавҷуд набудани  равоншинос ва духтури мактаб низ мушкилие дар интихоби касби хонандагон мебошад.
Умуман, ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия бояд ба як мақсад равона гарданд, то ин ки хонанда фаъол гардида, дар ў кўшиши мустақилона интихоб намудани касб пайдо шавад ва бо ёрии омўзгорону равоншиносон имконият ва ояндаи худро муайян намоянд.  
                                                                                                         
Мудири шуъбаи машварати
  касбӣ ва интихоби касб                                   Холмирзоева З.
 

Шарикони мо