ҲАМОИШ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
Санаи 12 августи соли ҷорӣ дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони «Истиқлол – саҳифаи навини таърихи давлатдории тоҷикон» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, намояндагони сохторҳои он, инчунин меҳмонони даъватшуда – Бобозода Анвар, сарходими илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ ва нерӯи рушди инсонии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, Саидзода Ҷамолиддин, ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, адабиётшинос, номзади илмҳои педагогӣ ва Назри Яздонӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Саидзода Шаҳбоз Майдон оид ба аҳаммияти таърихии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги миллӣ ва омили муҳими таҳкими соҳибихтиёрии давлат андешаронӣ намуда, таъкид кард, ки Истиқлол барои мардуми Тоҷикистон имкони воқеии бунёди давлати миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди устувори кишварро фароҳам овард.
Ҳамчунин дар бораи «Дастовардҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумоти муфассал пешниҳод гардида, нақши муассири соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва татбиқи ҳадафҳои сиёсати иҷтимоии давлат таъкид карда шуд.
Сипас, меҳмонони ҳамоиш ба сухан баромада, оид ба аҳаммияти Истиқлоли давлатӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон, дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, рушди илму маориф, адабиёту фарҳанг ва нақши Истиқлол дар пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон андешаҳои арзишманд баён намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик марҳалаи нави эҳёи давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеаро фароҳам оварда, ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми ҳамоиш бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байнисоҳавӣ, рушди ҳамкориҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ ва саҳми арзанда дар баргузории чорабинии мазкур ба меҳмонони ҳамоиш аз ҷониби директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Саидзода Шаҳбоз Майдон Сипоснома тақдим карда шуд.