КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛӢ: «Саҳми МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар соҳибкасб намудани аҳолӣ”
23 июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» бо иштироки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Зарина Файзуллозода ва инчунин коршиносони байналмилалӣ ва шарикони рушд дар мавзуи «Саҳми МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар соҳибкасб намудани аҳолӣ” конференсияи илмӣ –амалӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ қайд гардид, давоми 15 соли фаъолияти Маркази мазкур қариб 500 ҳазор шаҳрванд дар курсҳои кӯтоҳмуддат соҳибкасб гардидаанд, ки барои таъмини бозори меҳнат бо кадрҳои баландихтисоси коргарӣ саҳми босазо мебошад.
Қабл аз оғози конференсия дар саҳни Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон маҳсулоти офаридаи касбомӯзони марказ ба намоиш гузошта шуд.
Марказ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар 5 соли оянда соҳибкасб намудани 1 миллион нафар аҳолӣ фаъолияти худро ҷоннок намуда истодааст.
Тавре аз Паёми Пешвои миллат бармеояд Ҳукумати мамлакат то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯӣ менамояд. Дар ин самт аз ҷониби Муасисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ҷиҳати беҳтар гардонидани сифати таҳсилоту касбомӯзӣ ва ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ фаро гирифтани аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Дар чорабинӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти 15 солаи «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» саҳми марказ дар амалишавии барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, нақши низоми таҳсилоти калонсолон дар таъминоти кадрии соҳаи хизматрасонии иҷтимоии Тоҷикистон, рушди низоми омодасозии кадрҳо бо назардошти талаботи бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон » нақши он дар танзими системаи таълими калонсолон ва ғайра маърузаҳо шунида шуданд.
Ҳамчунин, вобаста ба мавзуъҳои зери назар коршиносони дохилӣ ва шарикони рушд тариқи рунамо суханронӣ карданд.
МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” айни замон бо фарогирӣ аз 34 филиал, шаҳрвандонро аз рӯи 110 касбу ихтисос омода намуда, ба бозори меҳнат пешниҳод менамояд.