25 июни соли 2024 бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2024, №2 ва қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар бораи гузоронидани маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки Мавлон Хайриниссо Юсуфӣ – Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Муродов Чурабек Курбоналиевич – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ҳабибзода Зоҳир Иззат – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Ҳасанзода Гулнора Кенҷа – раиси Ташкилоти ибтидоии “Меҳнат” ва аъзои ҳизб Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома, нахуст ҳисоботи раиси Ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ ироа гардид. Қайд карда шуд, ки Ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас нишон дода, оид ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст. Ҳамзамон аъзои Раёсати Ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.
Вобаста ба муҳокимаи масъалаи дигари рӯзнома Ҳабибзода Зоҳир Иззат-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино доир ба интихоби раис суханронӣ намуда, бо пешниҳод ва ҷонибдории кулли аъзо бо назардошти фаъолияти пурмаҳсули сиёсиву ташкилӣ ва натиҷаҳои назаррасӣ соҳавӣ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ба ҳайси раиси Ташкилоти ибтидоӣ ва Давлатзода Қиёмиддин ба ҳайси муовини раиси Ташкилоти ибтидоии “Меҳанат” интихоб гардиданд.
Вобаста ба баррасии масъалаи панҷуми рӯзнома интихоби вакилон ба Конференсияи 44 –уми ҳисоботӣ - интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе номзадии Ҳасанзода Гулнора Кенҷа - вакил ҷиҳати иштирок дар Конференсияи мазкур интихоб гардиданд.
Дар идомаи Маҷлис Мавлон Х.Ю. – Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба таҷлили ҷашнҳои миллиамон 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, 30- солгаии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ, ҳамзамон доир ба заҳмату талошҳои хастагинопазири Сарвари муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, ояндаи шукуфони мамлакат, ҷалби бештари кормандон ба сафи ҳизб, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, тарбияи ватандӯстии ҷавонон суханронӣ намуда, ҳисоботи ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш ҳисобиданд.
Якчанд ҷавонони ватандӯсту хештаншинос, ки иродаи сиёсии худро муайян намуда, барои шомил шудан ба сафи ҳизби бунёдкору созанда ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ ба аъзогии ҳизб қабул шуда, фаъолони ҳизб бо Сипосномаву Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино сарфароз гардонида шуданд.