Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Ахборот

Ахборот

аз рафти баргузории мизи мудаввар оид ба ба  татбиқи иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 8 июни соли 2007, № 272 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 2 августи   соли 2014, №762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистони»

 Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 30 ноябри соли 2022 оид ба  татбиқи иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 2 августи  соли 2014, №762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар бо иштироки Аминов Бурҳониддин Сиддиқович – мутахассиси пешбари Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ёрова Гулсара Акбарҷоновна – сармутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ, сардорони Раёсат ва шуъбаҳои Агентӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва директорони муассисаҳои таълимӣ касбии системаи он баргузор намуд.

 Маҷлисро муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Амирбекзода Меҳробшо Ҷӯра оғоз намуда, сараввал Аминов Бурҳониддин Сиддиқович – мутахассиси пешбари Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ёрова Гулсара Акбарҷоновна – сармутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи роҳбарияти Агентӣ ва кормандон барои иштирокашон изҳори миннатдорӣ намуд.

Қаӣд кардан ба маврид мебошад, ки чорабинии имрӯза бо мақсади татбиқи иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ,  ки ба манфиатҳои  иқтисодӣ  ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, ва  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҷиҳати  пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд  дар рӯҳияи  инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд.

 Амирбекзода М.Ҷ., муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ сараввал иқтибос  аз суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд:

       «То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии  аҳолӣ ба натиҷахои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем»

Шарикони мо