Пас аз ба даст овардани истиқлолият соли 1991, Тоҷикистон дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ, ҷорӣ намудани низоми демократӣ ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ қадам гузошт. Дар ин раванд, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва волоияти давлат ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа эътироф гардид.
Ҳимояи мақоми ҷомиаи мутаҳҳид, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва мубориза бар зидди ҳар гуна тазоди миллӣ, ақидавию мазҳабӣ ва ғайра, яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки дарки аҳамияти ваҳдати миллӣ ва таъмини он яке аз таҳкурсиҳои муҳими ҳар давлати миллӣ мебошад. Дар давраи паси сар гузоштанаи ҷанги шаҳрвандӣ, Тоҷикистон тавонист ваҳдати миллию суботи сиёсиро ҳифз намуда, ба роҳи пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қадам гузорад.
Бо дастгирии ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва минтақаҳои кишвар, давлат тавонист ҳадафҳои стратегии Тоҷикистони соҳибистиқлолро амалӣ гардонад. Таҳким ва ҳифзи ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши олӣ, ба Тоҷикистон имкон дод, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати байналмилалӣ мавқеи худро ҳифз карда, ба пешрафт ва тараққӣ ноил шавад. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки ваҳдати миллӣ омили ҳалкунандаи пешрафти ҳамаҷонибаи ҷомиа ва давлат аст. Ваҳдату якдилӣ - асоси зиндагии саодатманд. Ваҳдату якдилӣ дар ҳаёти инсон нақши ҳалкунандаро мебозад.
Зеро вақте мардум ҳамфикру ҳамдил бошанд, ин метавонад ба рушд ва пешрафти ҷомиа мусоидат намояд. Инсон ҳамчун махлуқи иҷтимоӣ ба ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамдилӣ ниёз дорад, то ҳаёти устувору осоишта дошта бошад. Ваҳдату якдилии мардуми ҳар кишвар аз ҳунари сиёсатмадорон, ҳукуматдорон ва ҳар фарди масъули ҷомиа вобаста аст. Ҳамкорӣ ва ҳамдилии байни ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомиа барои таъмини суботи сиёсӣ ва иқтисодии кишвар басо муҳим аст.
Ҳамзамон, дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва дигар ислоҳоти сиёсӣ-иқтисодӣ, ваҳдат ва якдилии мардум нақши калидӣ дорад. Зеро ҳама гурӯҳҳои иҷтимоӣ бояд ҳамкорӣ намоянд, то ин ислоҳот ба самараи мусбӣ оварда расонанд. Тақвияти ҳисси ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ва ҳамчунин таъкид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқии инсон метавонад ба таҳкими ваҳдату якдилии мардум мусоидат намояд. Хулоса, ваҳдату якдилии мардуми ҳар кишвар пояи устувори пешрафти ҳамаҷониба буда, метавонад ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии он кӯмак расонад ва зиндагии саодатмандонаи ҳамаи сокинонро таъмин намояд.
Сардори шуъбаи ҳуқуқи
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
Мардонзода Гулбаҳор