Ҳисобот
оид ба фаъолияти Агентии меҳнат
ва шуғли аҳолӣ дар семоҳаи якуми соли 2022
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар семоҳаи якуми соли 2022 дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021, қарору фармоишҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ фаъолиятро ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар соҳаи меҳнат
Яке аз самтҳои фаъолият ин аз ҷониби сохторҳои Агентӣ бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани кӯмаки методию амалӣ ба ташкилоту корхонаҳои ҳудуди вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар самти татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
1. Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани кӯмакҳои методию
амалӣ оид ба татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти меҳнат
Маврид ба зикр аст, ки яке аз вазифаҳои самти фаъолият ин аз ҷониби сохторҳои Агентӣ бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани кӯмаки методию амалӣ ба ташкилоту корхонаҳои ҳудуди вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар самти татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Дар робита ба ин маълумот манзур медорем, ки давоми семоҳаи якуми соли 2022 мутасаддиёни самти меҳнати сохторҳои Агентӣ тибқи Нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида ба 3089 адад корхона, муассиса ва ташкилотҳои гуногунсоҳаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташриф оварда, ба 11873 нафар кормандони онҳо вобаста ба масъалаҳое, ки аз муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ бармеоянд, кӯмаки методию амалӣ ва хизматҳои машваратӣ расонидаанд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи ҳисоботии соли 2021 (10277 нафар буд) 1596 нафар зиёд мебошад.
Аз ҷумла, аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ ба 99 адад корхона бо фарогирии 533 нафар, вилояти Суғд ба 1084 адад корхона бо иштироки 3852 нафар, вилояти Хатлон ба 1329 адад корхона бо ҷалби 4408 нафар, шаҳри Душанбе ба 118 адад корхона бо иштироки 1282 нафар ва дар ШНТҶ бошад ба 459 адад ташкилоту корхона бо ҷалби 1798 нафар хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки методию амалӣ расонида шуд.
2. Баргузории чорабиниҳои самти меҳнат аз қабили семинарҳои
машваратӣ, омӯзишӣ, дастурдиҳӣ, мизҳои мудаввар ва таблиғоту
ташвиқоти самти меҳнат тавассути ВАО
Бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва маъсулиятшиносии корфармо ва кормандони корхона, ташкилот, муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидор тибқи Нақша - чорабиниҳои тасдиқ гардида, дар семоҳаи якуми соли 2022 оид ба татбиқи талаботи зиёда аз 40 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти меҳнат тавассути ташкил намудани вохурии бевосита бо корфармоён ва кормандон, мизҳои мудаввар, семинарҳои машваратӣ, омӯзишӣ, дастурдиҳӣ ва баромадҳо тариқи васоити ахбори омма (телевизион, радио, рӯзнома, маҷалла ва сомона) чорабиниҳои таблиғотию ташвиқоти ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.
Аз ҷумла, муқарароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №701 “Дар бораи маъқул донистани Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №439 “Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №675 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, №181 “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои муқаррар намудани квота барои кор қабул кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ”, банди 2-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2011, №387 “Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 06 сентябри соли 2014, №592 “Дар бораи Қоидаҳо ва меъёрҳои ба кормандон додани шир, хӯроки профилактикӣ, либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ, таъмин намудани кормандон бо воситаҳои ҳифозати коллективӣ, биноҳои санитарию маишӣ ва дастгоҳу таҷҳизот аз ҳисоби маблағҳои корфармо”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2014, №661 “Дар бораи Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти корманд”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018, №197 “Дар бораи Номгӯи соҳаҳо, истеҳсолот, кор, касб ва вазифаҳо (мансабҳо), шароити пешниҳод ва давомнокии рухсатӣ барои собиқаи кории давомнок”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007 №313 “Дар бораи Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъйин намудани нафақа”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2020, №547 “Дар бораи Номгӯйи кормандони рӯзи кориашон ба меъёр гирифтанашудаи ташкилотҳои давлатӣ ва давомнокии рухсатии иловагии кормандони мазкур”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018 №194 “Дар бораи Номгӯйи мансабҳои хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) мақомоти давлатӣ”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали 2021, №55 “Дар бораи андозаи иловапулӣ барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои уҳдадориҳои корманди муваққатан ба кор ҳозирнабуда барои ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2020 №458 “Дар бораи тартиби муайян намудани музди меҳнати баланд барои корҳои вазнин, корҳо дар шароити меҳнати зарарнок ва махсусан зарарнок”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998, №122 “Дар бораи шароити пардохти музди меҳнати кори кормандони соатбайъи ва дар ду (чанд) ҷой коркунандаи корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №668 “Дар бораи тасдиқи Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки собиқаи кории кормандонро тасдиқ менамоянд”, фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2008, №75 “Дастурамал дар барои пардохти музди меҳнати иловагӣ ба кормандон дар мавриди бо айби корфармо ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат”, қарори Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2018, №18 “Дар бораи Низомномаи (намунавии) “Хадамоти (раёсати, шуъбаи, бахши) ҳифзи меҳнат дар ташкилот”, боби 3-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шартномаи меҳнатӣ” моддаҳои 20 то 56, боби 4-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷамъовари, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии корманд” моддаи 57 ва моддаи 58, боби 7-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Вақти истироҳат” моддаи 90 “Намудҳои рухсатӣ” ва моддаи 99 “Рухсатии иловагии ба рӯзи корӣ ба меъёр гирифтанашуда”, боби 11-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Музди меҳнат” моддаи 140 “Кафолати пардохти музди меҳнат”, моддаи 141 “Кафолати давлатӣ оид ба пардохти музди меҳнати кормандон, моддаи 154 “Пардохти изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид”, моддаи 156 “Пардохти музди кори шабона”, боби 15-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Хусусияти танзими меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида” моддаҳои 207 то 214, боби 25-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Хусусияти танзими меҳнати ҳайати техники ва хизматрасони мақомоти давлатӣ” аз моддаи 264 то моддаи 272, боби 31-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шартномаи коллективӣ” аз моддаи 306 то моддаи 313, боби 32-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Назорат ва бақайдгирии созишнома ва шартномаҳои коллективӣ” аз моддаи 314 то моддаи 316, боби 35-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат” моддаҳои 331 то 340, боби 38-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи меҳнат дар ташкилот” моддаҳои 355 то 358, конвесияи 138-и Ташкилоти байналмилалии меҳнат “Конвенсия оид ба сини камтарини қабул намудан ба кор” ва доир ба дигар масъалаҳои ҳалталаби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти меҳнат ташкил ва баргузор карда шуд.
Ҳамзамон, дар ин давом аз ҷониби сохторҳои Агентӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ, шарикони иҷтимоӣ ва ВАО дар миқёси вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1170 маротиба вохӯриҳо аз ҷумла, 159 маротиба семинарҳои машваратӣ, омӯзишӣ, дастурдиҳӣ, 104 маротиба мизҳои мудаввар, 37 маротиба баромад дар барномаҳои телевизионӣ ва 44 маротиба баромад тариқи радио, ки дар ҳамаи ин чорабиниҳо 3089 адад корхона, муассиса, ташкилот, шарикони иҷтимоӣ ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ бо иштироки 11873 нафар намояндагии онҳо ташкил ва гузаронида шуд, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2021 (дар маҷмуъ 1310 маротиба вохӯриҳо буд) 140 маротиба зиёд мебошад.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрҳо аз тарафи Агентӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони қобили меҳнат ва мусоидат ба корхонаю ташкилотҳо ва барои таъмини шароити зарурии меҳнати кормандон «Маҷмӯаи низомномаҳо ва дастурамалҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат», ки аз ҷониби мутахасиссони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, дастраси иштироккунандагон гардида, барои роҳбарӣ ва корбарӣ тавсия дода шуд.
3. Раванди бақайдгирии шартномаҳои коллективии баимзорасидаи корхона, муассиса ва ташкилотҳо дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ
Бақайдгирии давлатии шартномаҳои коллективии баимзорасидаи субъектҳои хоҷагидори ҳудуди вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо аз тарафи сохторҳои таркибии Агентӣ тибқи муқаррароти “Дастуруламали тартиби бақайдгирии огоҳонии созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ” ба роҳ монда шуда, ин санадҳо дар “Китоби намунаи ягонаи бақайдгирии шартномаҳои коллективӣ” аз қайди давлатӣ гузаронида мешаванд.
Тибқи маълумотҳои омории таҳлилгардида дар семоҳаи якуми соли 2022 дар миқёси ҷумҳурӣ 339686 адад субъектони хоҷагидори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 31356 адад корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, 168090 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ, 103581 адад тариқи патент ва 36659 адад тариқи шаҳодатнома амал мекунанд.
Ҳамзамон, бо мақсади татбиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №701 “Дар бораи маъқул донистани Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” Нақшаи чорабиниҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таҳия ба тасвиб расида ба сохторҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шуд.
Илова ба ин, Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти корхона, муассиса ва ташкилотҳои фаъолияткунанда, барҳамхурда ва навтаъсисро ҳар моҳ ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҷамъбаст менамояд.
Яке аз масъалаи муҳим дар самти беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ин баланд бардоштани музди маоши кормандон ба ҳисоб меравад.
Тибқи маълумотҳо (ба ҳолати 1 феврали соли 2022) музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохт шудааст дар миқёси ҷумҳурӣ 1619,1 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2021 (1445,3 сомонӣ буд) 173,8 сомонӣ, ё худ 12,0 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра шумораи умумии коргарон дар миқёси ҷумҳурӣ 1229695 нафарро ташкил медиҳад, ки қиёс ба ҳамин давраи соли 2021 (1215909 нафар буд) 13786 нафар ё 0,6 фоиз зиёд буда, шумораи кормандон дар давраи ҳисоботи бақайд гирифта бошад 643933 нафарро ташкил дода нисбати ҳамин давраи соли 2021 (629804 нафар буд) 14129 нафар ё 2,2 фоиз зиёд гардидааст.
Музди ҳадди ақали меҳнат дар давраи ҳисоботӣ 400 сомониро ташкил медиҳад.
Дастгирии фаъолияти соҳибкории бекорон.
Давоми семоҳаи якуми соли 2022 тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 1021 нафар шаҳрвандони бекор 2 миллиону 904 ҳазору 981 сомонӣ кӯмаки молиявӣ дода шуд.
Аз ҷумла, тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ ба 150 нафар шаҳрванди бекор 396780 сомонӣ, вилояти Суғд ба 352 нафар 934300 сомонӣ, вилояти Хатлон ба 252 нафар 636101 сомонӣ, шаҳри Душанбе ба 13 нафар 50 000 сомонӣ, шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 254 нафар 887800 сомонӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни соҳибкорӣ кӯмаки молиявӣ пардохт гардид.
Директор Баротзода Б
Муовини якуми Вазири меҳнат,
Муҳоҷират ва шуғли аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода А