Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
САФАРИ ВАЗИРИ РУШДИ ИДОРӢ, МЕҲНАТ ВА УМУРИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТИ ҚАТАР

    САФАРИ ВАЗИРИ РУШДИ ИДОРӢ, МЕҲНАТ ВА УМУРИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТИ ҚАТАР

ҶАНОБИ АЛӢ БИН САМИХ АЛ-МАРРӢ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

            Тибқи Барномаи тасдиқшуда аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 6 ва 7 феврали соли 2023 вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ҷаноби Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ ва ҳайати ҳамроҳони ӯ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф оварданд.

Ҷаноби Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ дар доираи сафар бо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода мулоқот намуд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Г. зимни мулоқот бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ҷаноби Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ аз фаъолияти вазорат ва сохторҳои он ҷиҳати танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷараёни омода намудани мутахассиони коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори дохил ва хориҷи кишвар ёдовар шуда, ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо на танҳо дар самти муҳоҷират, балки дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон мубодилаи афкор намуданд.

Мавриди зикр аст, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Давлати Қатарро 16 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад, ки яке аз онҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар аз 3 феврали соли 2019 мебошад.

Тибқи муқаррароти Созишномаи мазкур Гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуда, ҷаласаи нахустини Гуруҳи корӣ 2 декабри соли 2020 таҳти раисии муовинони вазирони ҳар ду ниҳод тариқи онлайн баргузор гардида буд.

Рӯзи 6 феврали соли равон ҳайати меҳмонон таҳти роҳбарии вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ҷаноби Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ аз ҷараёни таълим дар МД “Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе” боздид ба амал оварданд, ки ҷараёни боздидро вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Г. ҳамроҳӣ намуд.

Шарикони мо