Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Ҳамоиши ҷавонон

Ҳамоиши ҷавонони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии меҳнат ва

шуғли аҳолӣ

       Имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо” таҳти раёсати муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло ва бо иштироки муовини раиси иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳимзода Умедҷон Назаралӣ, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохтори баргузор гардид. Ҳамоишро Маҳмадуллозода Н.Р., ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки имрўзҳо ҷавонон дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ саҳми назаррас доранд. Аз ҷумла, дар вазорат ва сохторҳои он ҷавонон дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, неруи пешбаранда ва татбиќкунандаи дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар ин чорабинӣ намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вазорат бо номи “Маҳорат” бо ҷонибдории ҳамагон ташкил карда шуд. Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон шароити мусоиди таҳсил ва кору фаъолият муҳайё шудааст.

      Дар фарҷом як гуруҳ ҷавонони фаъоли вазорат ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  бо сипосномаҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

 

Шарикони мо