Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Бонуи Агентӣ соҳиби гувоҳномаи “мактаби Сайёри ҷавондухтарони роҳбар” гардид.

Бонуи Агентӣ соҳиби гувоҳномаи “мактаби  Сайёри ҷавондухтарони роҳбар” гардид.

   Дар доираи нақша-чорабиниҳои  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷавонони тоҷикистон,дар доираи моҳвораи ҷавонон даври дуюми курси омӯзишии  “Мактаби сайёри ҷавондухтарони роҳбар” гузаронида шуд.

Дар курси мазкур ҷавондухтарони 16-30 солаи вазорату идораҳо, мақомоту корхонаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти оллии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуда, аз марҳилаҳои гуно гуни омӯзишӣ ва такмили ихтисос гузаштанд. Дар хотимаи курс ба шунавандагон гувоҳномаҳо ва туҳфаҳои хотирмон тақдим кардашуд.

  Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар даври дуюми курси омӯзишии “Мактаби сайёри ҷавондухтарони роҳбар”  як  нафар корманди Агентӣ  Фарангези Ҷамолидин фаъолона иштирок намуда дар хотима соҳиби  гувоҳнома ва туҳфаҳои хотирмон гардид.

 

Шарикони мо