МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
19 уми июни соли 2023 мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо ҳайати Федератсияи Россия таҳти роҳбарии муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия Мухтиярова Елена Вячеславовна баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд;
- рафти иҷрои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия;
- ифтитоҳи намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар, ташкил ва такмили таълими касбии 100 (сад) ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ба талаботи бозори меҳнати Россия ҷавобгў, ва эҳтимоли омўзиши касбии онҳо аз ҷониби корфармоёни Федератсияи Россия.
Бояд қайд кард, ки аз соли 2019 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мавриди амал қарор дорад. Дар баробари ин, «Харитаи роҳ» ба имзо расид, ки дар он тадбирҳои мушаххас оид ба татбиқи Созишномаи мазкур пешбинӣ шудаанд. Кор бо назардошти талаботи Алгоритми ҷалби захираҳои меҳнатӣ, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия таҳия шудааст, анҷом дода мешавад.
Ба фаъолият шуруъ кардани намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани муоинаи тиббӣ, гирифтани изи ангушт ва супоридани имтиҳон оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кор дар корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва сохтмонӣ дар Федератсияи Россия шароит фароҳам меорад.
Зимни суҳбат ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.