ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ ДАР РАЁСАТИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Бо ташаббуси Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1бо иштироки раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон Ширинзода Муҳиддин, раиси Шурои иттифоқҳои касабаи шаҳри Кӯлоб - Хушвахтов Исмон, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Кӯлоб - Нозимзода Диловар ва намояндаи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб Саидов Раҳмоналӣ чорабинии тантанави бахшида ба Рузи умумичахонии ҳифзи меҳнат баргузор гардид.
Инчунин намояндагони иттифоқҳои касаба оид ба нақши назорати ҷамъиятӣ дар риояи қонунгузории меҳнат андешаронӣ намуда, таъмини амнияти техникӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандонро шарти муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти меҳнатӣ арзёбӣ карданд.