Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Гузориш

Гузориш

   Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ба маълумоти Шумо мерасонад, ки рӯзи   11-уми феврал   соли  2022 дар  гулгашти ба номи Куйбишев,   воқеъ дар хиёбони  Рӯдакӣ -10,       ярмаркаи  ҷойҳои  кории  холӣ  ва  вазифаҳои  озодро  баргузор  намуд.

     Дар ярмарка  аз тарафи 130 ташкилоту муассиса ва корхонаҳои  фаъолиятдошта доир ба мавҷудияти 4629 вакансия маълумот пешниҳод гардидааст. Дар ярмаркаи мазкур   танҳо 26 корхона иштирок карданд, аз  ҷумла, аз ноҳияи Шоҳмансур 5, ноҳияи Исмоили Сомонӣ 7,  ноҳияи Сино 8,  ва ноҳияи Фирдавсӣ 6  корхона .   Дар ин чорабини 450 нафар корҷӯён иштирок намуданд, ки ба 23 нафари онҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Шоҳмансур ба 4 нафар, Исмоили Сомонӣ ба 5 нафар, ноҳияи Сино ба 8 нафар ва ноҳияи Фирдавсӣ ба 6  нафар барои таъмин шудан бо ҷойи кор роҳхат дода шуд.  Аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ» нисбати 5 нафар тадқиқоти сотсиологӣ ва ба 9 нафар машварати касбӣ дода шуд.   Шумораи умумии  ба курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзӣ номнависшуда  28  нафарро ташкил  медиҳад.  Маркази таълимии калонсолони  Тоҷикистон  6, ФКВД  маркази касбомӯзии  шаҳри Душанбе  5,  КВД Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе  4,  КВД маркази таълими омушизи  модулии  шаҳри  Душанбе  4,    КВД маркази таълимии шаҳри Душанбе   5,   ФМД  маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе   4  нафарро дар  бар  мегирад.

                                                                                        Сардори Раёсат                  

                                                                                            Иброҳимов.  М

Шарикони мо