Имрӯз 25 уми январи соли 2024 дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли бахшида ба “Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Агентӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ, ва муассисаҳои системаи Агентӣ иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки санаи мазкур аз соли 2012 дар тақвими сиёсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ид ворид шуда, ҳамасола кормандони соҳаҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ин рӯзро таҷлил менамоянд ва аз дастовардҳову вазифаҳои минбаъда дар фаъолият ёдовар мешаванд.
Директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ашурализода Абдураҳмон Ашурали кормандони соҳаи меҳнатро ба иди касбӣ самимона табрику таҳният гуфта, собиқадорон ва кормандони фаъоли системаи Агентӣ ба мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.