Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
 ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

                             ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

24 ноябри соли равон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Ализода ҳозирин ва кормандони вазоратро аз номи роҳбарияти вазорат бо ин ҷашни пуршукӯҳ табрику таҳният намуд.

Дар идомаи чорабинӣ маърузаи корманди раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо дар мавзуи “Парчами давлатӣ рамзи ваҳдати миллӣ” шунида шуда, ҳамзамон тартиби истифодаи парчами давлатӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ зикр гардид.

Қайд гардид, ки ҷашни Парчами давлатӣ аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрўз Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ва соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ месозад. Таҷрибаи парчамдории миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастии миллати тоҷик аст.

Дар таҳияи Парчами имрўзаи мо аз сарчашмаҳои зиёди таърихию фарҳангӣ истифода гардидаааст.

Дар фарҷом, бо таваҷҷуҳ ба муттаҳидӣ зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд, ки дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ҳифз ва ба рамзҳои давлатӣ арҷгузорӣ карда шавад.

Шарикони мо