Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
ОҒОЗИ МАВСИМИ НАВИ ҚАБУЛИ ИСТИРОҲАТКУНАНДАГОН

ОҒОЗИ МАВСИМИ НАВИ ҚАБУЛИ ИСТИРОҲАТКУНАНДАГОН

ДАР ИСТИРОҲАТГОҲИ КОРГАРҶАВОНОНИ “РОМИТ”

     Муассисаи давлатии “Истироҳатгоҳи коргарҷавонони “Ромит”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз маконҳои зебову дилрабои як гӯшаи диёр буда, рӯз то рӯз ободу зебо мегардаду барои истироҳату фароғат макони дилфиреб мебошад.

Дар доираи гусели истироҳтакунандагони басти аввал рӯзи 15 июни соли 2023 бо иштироки масъулони Федератсияи исттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва волидайни онҳо маросими кушодашавии лагерҳои истироҳатӣ барои мактаббачагон сурат гирифт, ки 229 нафар толибилмон ба истироҳату фароғат дар Муассисаи давлатии “Истироҳатгоҳи коргарҷавонони “Ромит” ҷалб карда шуданд. Хатсайри Душанбе Муассисаи давлатии “Истироҳатгоҳи коргарҷавонони “Ромит”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 км-ро дар бар мегирад.

Ин макон барои фароғати наврасон омода карда шудаву насли хушбахти замони истиқлол вақти худро хушу хотирмон дар ин гӯшаи биҳиштосои Тоҷикистон мегузаронанд. Ҳуҷраҳои барҳаво ҷиҳати истироҳати наврасон бо тамоми шароити лозима муҳайё буда, китобхона бо адабиёти гуногуни бадеӣ дар ихтиёри гурўҳи истироҳаткунандагон хоҳад буд. Муассисаи давлатии “Истироҳатгоҳи коргарҷавонони “Ромит”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт метавонад беш аз 250 нафарро ба фароғату истироҳат фаро гирад.

Ошхонаи барҳаво бо 4 вақт хўроки гарм аз имконоте мебошад, ки барои истироҳаткунандагон муҳайё гардидааст. Назорати солимии истироҳаткунандагон дар мадди аввал қарор дошта, мутахассисони соҳаи тандурустӣ пайваста аз ҳолати онҳо бохабар мешаванд. Ҳавзҳои шиноварӣ хам дар истироҳатгоҳ мавҷуд мебошад ва истироҳаткунандагон зери назорати мутахассисон имкон доранд аз он истифода намуда, ин навъи варзишро аз худ намоянд.

Майдончаҳои варзишӣ барои машғул шудан ба намудҳои варзиши футбол, волейбол, тениси рӯйи миз ва дигар намудҳои варзиш бо шароити хуб баҳри қабули истироҳаткунандагон омода мебошанд.

 

 

Шарикони мо