БОЗДИД АЗ МАҚОМОТИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВАҲДАТ, РӮДАКӢ ВА ВАРЗОБ
25 ноябри соли ҷорӣ директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Саидзода Шаҳбоз Майдон ҷиҳати шиносоӣ бо шароити корӣ аз мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Варзоб дидан намуданд.
Зимни мулоқот роҳбарияти Агентӣ ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои мақомоти шуғли аҳолӣ, ҷалби бештари шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ва таъмин намудани онҳо бо ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани малакаи кормандон ва баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.