Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Гузориши матбуотии ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ

Гузориши матбуотии

ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озоди  дар шаҳри Хоруғи  ВМКБ дар  назди бинои Театри давлатии ба номи Меҳрубон Назаров 2 июни соли 2022

    Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират  ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри  соли 2021 ва дар доираи нишондиҳандаҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳарчи бештар таъмин намудани шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолии ҷумҳурӣ бо ҷойи кор   дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, назди бинои Театри давлатии ба номи Меҳрубон Назаров 2 июни соли 2022, соати 10 00 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро баргузор намуд. 

   Дар ин  чорабинӣ  37 ташкилоту муассисаҳои  шаҳри Хоруғ  итштирок намуда 175 ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро ба шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ пешниҳод намуданд. Дар ярмаркаи ҷойҳои кории холии баргузоргардида 520 нафар шаҳрвандон иштирок доштанд, ки дар натиҷа 57 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кор роҳхат гирифта, 20 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок номнавис шуда, 80 нафар барои касбомўзӣ ба филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Хоруғ роҳхат гирифтанд. Инчунин, 50 нафар тавассути кормандони МД “Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ”  машварати касбӣ гирифтанд.

 Ҳамзамон, дар филиали “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа дар ВМКБ”- и вазорат 35 нафар шаҳрвандони бекор барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳориҷи кишвар рафтан,  номнавис шуданд.

   Тавассути  ташкил ва баргузор намудани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар шаҳри Хоруғ 242 нафар шаҳрвандони бекор, корҷў ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб гардиданд.

Шарикони мо