Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба низоми иҷозати кор (EPS)-и Корея ворид шавад. Дар сурати ворид шудан ба ин низом шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Корея раванд.
Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аслии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, барои баррасии ин мавзӯъ намояндагони Корея ба Душанбе омадаанд.
“Ҳоло ҷиҳати ворид шудани Тоҷикистон ба низоми иҷозати кор дар Корея корбарӣ идома дорад”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ афзуд, пас аз ворид шудан ба ин низом шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси шартнома дар Корея бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд.
Манбаъ таъкид кард, ки ҳоло дар назди Хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аслии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар дарси забони кореяӣ меомӯзонанд.
Додори ҳайати Корея бо ҳамтоёнашон дар Тоҷикистон то 8-уми декабр идома меёбад.