Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Ахборот

Дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ санаи 29 сентябри соли 2023  семинари омӯзиши бо иштироки Бобохонзода Сайдалӣ Сангимурод Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарзода Некрӯз - Мудири кафедраи ҳуқуқи байналмиллалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ, сардорон ва сармуҳосибони мақомотҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, директорон, сармуҳосибон ва омӯзгорони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ» ва муассисаҳои таълимии касбии системаи Агентӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ оғоз намуда, қайд намуданд, ки баргузории  чорабинии имрӯза ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2023, №АП-350, «Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуки инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (давраи сеюм) барои солҳои 2023-2026» ва иҷрои талаботи Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2023” инчунин, ҷиҳати татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” ва “Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026” бо мақсади тақвият бахшидани донишу малакаи касбии кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва зерсохторҳои он вобаста ба таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром нисбат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, равона гардидааст.

        Бояд қайд намуд, ки Агентӣ ҷиҳати татбиқи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ болозикр ва таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, Нақшаи чорабиниҳои Агентии меҳнат ва шуғли таҳия ва тасдиқ намуда, ба зерсохторҳои Агентӣ ирсол карда, иҷроиши онҳоро зери назорат қарор дорад.

        Қайд кардан ба маврид аст, ки дар тӯли солҳои Истиқлолият бо иқдомҳои Асосгузорпи сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, сулҳу Ваҳдатро пойдор намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эҳтиром, эътироф, ҳимоя ва ҳифз карда, миёни кишварҳои дунё яке аз ташабусҳои муҳимро дар раванди амалисозии арзишҳои минтақа ва ҷаҳон мақому манзилоти худро пайдо кардем.

        Инчунин бо мақсади дуруст ба роҳ мондани раванди қабул, бақайдгирӣ баррасӣ ва ҳалли муроҷиатҳои кӯдак, намояндагони онҳо ва дигар шахсонро аз ном ва ба манфияти кӯдак, Тартиби баррасии муроҷиати кӯдак бо Фармоиши директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз 12 апрели соли 2012 №14, таҳия ва тасдиқ гардида, иҷрои Тартиби баррассии муроҷиати кӯдак дар дастгоҳи маркзии Агентӣ, сохторҳои таркибӣ ва муассисаҳои таълими касбии системаи он тибқи талаботи тартиби мазкур амалӣ карда мешавад.

        Дар иртибот ба гуфтаҳои боло бояд қайд намуд, ки яке аз самтҳои фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати ҳифзи меҳнат, мусоидат ба шуғли аҳолӣ мебошад, ки ҳамкориҳоро бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзӯр ва мунтазам ба роҳ мондан шарт ва зарур мешуморем.

 Дар рафти чорабинии мазкур намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобохонзода Сайдалӣ Сангимурод ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Некрӯз оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавзӯи чорабинӣ, баромад намуданд.

        Дар фарҷоми чорабинӣ Ашурализода А.А., директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ қайд карданд, ки дар чунин шароит вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат - аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ, аз интихобкунандаи қаторӣ то аъзову вакили Парламент таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад, ки ин вазифаи муқаддас ва қарзи фарзандии ҳар яки мо дар назди рӯҳи поки бузургони гузаштаамон ва наслҳои ояндаи миллати тоҷдорамон мебошад.

        Ҳамзамон, ба меҳмонони гиромӣ, Бобохонзода Сайдалӣ Сангимурод намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафарзода Некрӯз намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вақти худро дареғ надошта ташриф овардаанд, аз номи худ ва тамоми иштирокчиён арзи сипос намуда, қайд намуданд, ки минбаъд ҳамкориро бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии болозикр, бо маром идома хоҳанд дод.

 

Шарикони мо