Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
  КОРРУПСИЯ - ОҚИБАТҲОИ МАНФӢ

                                                                                   КОРРУПСИЯ - ОҚИБАТҲОИ МАНФӢ

Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддитарин ва мураккаби ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, ҳамчун истифодаи суиистифодакоронаи мансаб ё ваколатҳои давлатӣ барои ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва моддӣ фаҳмида мешавад. Ин падидаи номатлуб на танҳо ба иқтисодиёт, балки ба пояҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқии давлатдорӣ зарари ҷуброннопазир ворид мекунад. Аслан коррупсия дар шаклҳои мухталиф, аз ҷумла хешутаборбозӣ, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ва истифодаи нуфузи сиёсӣ барои мақсадҳои хусусӣ зоҳир мегардад. Вақте, ки шахси мансабдор ба ҷои хидмат ба халқ ва риояи қонун ба манфиатҳои кӯтоҳмуддати худ авлавият медиҳад, эътимоди мардум нисбат ба ниҳодҳои давлатӣ коҳиш ёфта, адолати иҷтимоӣ поймол мешавад.                  

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ бошад, ин зуҳурот волоияти қонунро заиф сохта, боиси беҷазо мондани ҷинояткорон ва афзоиши нобаробарӣ дар ҷомеа мегардад. Мубориза бо ин вабои аср на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки масъулияти ҳар як узви ҷомеа аст, зеро бе ташаккули маданияти зиддикоррупсионӣ ва шаффофияти комил дар идоракунии давлатӣ маҳви он имконнопазир менамояд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки танҳо бо роҳи ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ, озодии баён ва назорати қатъии ҷамъиятӣ метавон сатҳи ин зуҳуротро ба ҳадди пастарин оварда, заминаи мусоидро барои пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар фароҳам меорад.                                           

Оқибатҳои коррупсия барои ҷомеаи муосир фалокатбор буда, мисли зангзании метал таҳкурсии давлат ва боварии мардумро аз байн мебарад. Ин падида на танҳо як ҷинояти иқтисодӣ, балки монеаи асосии адолат ва пешрафт дар тамоми соҳаҳои ҳаёт мебошад.                                                                

  Дар сатҳи иқтисодӣ коррупсия боиси пайдоиши рақобати носолим мегардад, ки дар натиҷа соҳибкорони боистеъдод ва боинсоф ҷойи худро ба шахсони дорои робитаҳои коррупсионӣ медиҳанд. Ин ҳолат боиси гурези сармояи хориҷӣ мешавад, зеро ягон сармоягузор намехоҳад дар муҳити пешгӯинашаванда ва пур аз ришва маблағгузорӣ кунад. Дар натиҷа, буҷети давлатӣ маблағҳои зиёдеро, ки бояд аз андозҳо ва фаъолияти шаффофи тиҷоратӣ ворид мешуданд, аз даст медиҳад ва ин боиси суст шудани рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мегардад. Монеаи асосӣ барои рушди устувор ва ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад, зеро он боиси пайдоиши рақобати носолим мегардад ва маблағҳои барои соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ба монанди маориф ва тандурустӣ пешбинишударо ба ҷайбҳои алоҳида равона мекунад.                         

   Оқибатҳои иҷтимоии коррупсия боз ҳам амиқтар ва дардовар мебошанд, зеро он нобаробарии шадидро дар ҷомеа ба вуҷуд меорад. Вақте ки маблағҳо тасарруф мешаванд, сифати кор паст шуда,  ҳамаи хизматрасониҳо барои табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дастнорас мегардад. Ин раванд боиси афзоиши сатҳи камбизоатӣ ва ноумедии ҷавонон аз оянда мешавад, ки дар натиҷа муҳоҷирати зеҳнӣ ва қувваи корӣ шиддат мегирад. Одамон эҳсос мекунанд, ки адолат вуҷуд надорад ва ин эътимодро нисбат ба қонун ва ниҳодҳои давлатӣ пурра аз байн мебарад.

 

Раёсати тарҳрези ва молияи   дастгоҳи марказии Агентӣ

 

                                                

 

Шарикони мо