Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Намудҳои корҳои хоҷагй ва хусусиятҳои танзими меҳнатии онҳо

Намудҳои корҳои хоҷагй              ва   хусусиятҳои танзими                    меҳнатии онҳо 

      Яке аз самтҳои амалигардонии сиёсати давлат дар соҳаи меҳнат, ин танзими фаъолияти меҳнатии кормандони хоҷагй мебошад. Аввалин маротиба дар сатҳи Кодекси меҳнатии Ҷумхурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, №1329 боби 21 аз моддаҳои 247 то 251 ба хусусияти танзими меҳнатии кормандони хоҷагй бахшида шуд, ки меъёрҳои боби мазкур хусусиятҳои хоси муносибатҳои меҳнатии дар раванди иҷрои корҳои хоҷагй ба миён омадаро пурра, дақиқ ва ҳаматарафа мавриди танзим қарор дод. Дар қисми 1 моддаи 247 Кодекси меҳнати Ҷумхурии Тоҷикистон мафҳуми корманди хоҷагй дода шудааст. Аз руйи ин меъёр, корманди хоҷагй шахсоне мебошанд, ки корро (хизматро) дар хоҷагии корфармо шахси воқеъи иҷро менамояд. Намудҳои корҳои хоҷагй, ки кормандон дар хоҷагии корфармо (шахсони воқей) дар асоси шартнома анҷом медиҳанд, бо қарорри Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, №159 муайян ва мушаххас шудааст, ки аз номгуи зерин иборат аст. 1. Адвакати ваколатдор, 2. Боғбон, 3. Доя, 4. Маҳсгар, 5. Мураббии варзиш, 6. Мураббй, 7. Омузгори инфиродй, 8. Ошпаз, 9. Парастор, 10. Пешкор (ходагидорё иқтисодчии хоҷагй) 11. Посбон, 12. Ронанда, 13. Хизматгори хона, 14. Чупон (Подабон, Галабон), 15. Табиби оилавй. Фаъолияти меҳнатии кормандони хонагй бо шартномаи меҳнати тасдик карда мешавад, ки намунаашро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолй таҳия ва тасдиқ менамояд. Ба кормандони хоҷагй меъёрҳои давомнокии вақти корй ва вақти дамгирй, ки Кодекси меҳнат муққррар намудааст, паҳн мегардад. Дар баробари ин умумиятҳо боз хусусиятҳо ҷой дорад, ки хоси муносибатҳои меҳнатии кормандони хоҷагй мебошад, ки чунин аст: - Ба сифати ҳар ду тараф ҳам корманд ва ҳам корфармо дар муносибатҳои корҳои хонагй шахсони воқеъйи баромад менамояд, ки ин ҳолат аз кисми 1 моддаи 247 Кодекси мехҳати Ҷумхурии Тоҷикистон бармеояд. Зери мафҳуми шахсони воқейи, тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷй ва шахсони бешаҳрванд фаҳмида мешавад. Ба мо маълум аст, ки шаҳрвандоне, ки ба синни понздаҳ ва бо баъзе маҳдудиятҳо шаҳрвандоне, ки ба синни чордаҳ расидааст.

                

                 мутахассиси пешбари шуъбаи Aгентии                                           меҳнат ва шуғли аҳолӣ

                      дар шахри Роғун  Акназарова М.С С

 

Шарикони мо