Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Ахборот аз рафти баргузории мизи мудаввар бахшида ба  Рӯзи Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон

Ахборот аз рафти баргузории мизи мудаввар бахшида ба  Рӯзи Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи

“Конститутсия- шаҳодатномаи миллат

     Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ санаи 3 ноябри соли 2023 бахшида ба - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Конститутсия – шаҳодатномаи миллат”  мизи мудаввар бо иштироки Собиров Лоиқназар – муовини директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, сохторҳои таркибии Агентӣ ва омӯзгорону мутахассисони системаи таълимӣ бо филиалҳояшон дар шаҳри Душанбе, баргузор намуд.

        Чорабинии мазкурро директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ  ифтитоҳ намуда, сараввал иқтибос аз суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байён намуданд:

        “Қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад, ки дар байни дигар кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, Конститусияи худро бо роҳи райпурсии умумихалқӣ, яъне бо райи худи мардуми Тоҷикистон қабул намуд.

       Аз ин рӯ, мо бояд ба Конститутсия ҳамчун санади муқаддас ва барномаи асосии фаъолияти давлат ва зиндагии ҷомеа муносибат намоем.Омӯхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани Конститутсия – ин санади сарнавиштсоз вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, аз хурд то бузург мебошад!”

Ҳамзамон, директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ қайд намуданд, ки баргузории  чорабинии имрӯза бахшида ба - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Конститутсия – шаҳодатномаи миллат” бо мақсади тақвият бахшидани донишу малакаи касбии кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва зерсохторҳои он, баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром нисбат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, равона гардидааст.

       Халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсия гаштаанд. Чунки коршиносони байналмилалӣ  ва дохилӣ, Конститутсияи амалкунандаи моро яке аз беҳтарин конститутсияҳои демократӣ медонанд.

       Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, имсол 29-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.

        Дар рафти чорабинии мазкур Собиров Лоиқназар – муовини директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” вобаста ба мавзӯи доғи рӯз баромад намуданд.

    Дар фарҷоми чорабинӣ Ашурализода А.А., директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ қайд карданд, ки дар чунин шароит вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат - аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ зарур аст, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доранд, ки дар оянда зери осмони софу беғубор ва дар фазои якдигарфаҳми зиндагӣ намоянд.

        Ҳамзамон, ба меҳмонони гиромӣ, Собиров Лоиқназар муовини директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, ки вақти худро дареғ надошта ташриф овардаанд, аз номи худ ва тамоми иштирокчиён арзи сипос намуда, қайд намуданд, ки минбаъд ҳамкориро бо Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” бо маром идома хоҳанд дод.

 

                                                                              Шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии

                                                                               Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

 

 

 

 

Шарикони мо