ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ
ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Имрӯз 28 уми ноябри соли 2023 дар доираи ҳамкориҳои байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон - омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” доир шуд.
Ҳамоиш таҳти роҳбарии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Алишер Ҳикматулло, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ ва иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказии вазорат, сохторҳои таркибии он ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ҳозиринро бо муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини раиси кумитаи мазкур Чоршанбезода С. шинос намуд.
Зикр гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат имрӯз барои ҷавонон ҳамаи шароитҳои инкишофу рушди шахсият ва хизмат ба халку ватани худ фароҳам оварда шудааст.
Бо мисолҳои ҳаётӣ аз таърихи 32-солаи давлатдории миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу амният ва ваҳдати миллӣ, рисолати ҷавонон ва ҳар фарди ҷумҳурӣ дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва модар-Ватан қайд карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор ҷавонони фаъол бо Сипоснамаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.