Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

   

«Сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат

 ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба курси

 такмили ихтисос ва бозомўзӣ фаро гирифта шуданд»

 

 

      Бо мақсади аз тарафи мутахассисон дар сатҳи зарури мусоидат намудан ба субъектони хоҷагидорӣ фаъолияткунанда ва шаҳрвандони қобили меҳнат дар ҷумҳурӣ аз тарафи роҳбарияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ чораҳои зарури роҳандозӣ гардида, барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбӣ кормандани системаи агентӣ мунтазам курсҳои такмили ихтисос ва бозомузӣ ташкил карда мешавад. 

        Аз ин лиҳоз, дар асоси фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №126 «Дар бораи Нақшаи гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои системаи вазорат барои соли 2022» ва фармоиши директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз 11 июли соли 2022, №41 «Дар бораи ба курси такмили ихтисос фаро гирифтани сардорони Раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд» аз санаи 18 то 23 июли соли 2022 курси такмили ихтисос ва бозомўзи барои сардорони Раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд гузаронида шуд.

        Дар курси мазкур мутахассисони соҳибтаҷриба аз ҷумла, Музафаров Ҳиматшо - сардори Раёсати молият, таҳлил ва дурнамои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Искандарзода Матлюба - сардори шуъбаи мониторинг ва дурнамои бозори меҳнати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Раҷабов Раҷабалӣ - директори Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» ва  Фазлиддинов Тоҷиддин - методист-мутахассиси Муассиси давлатии «Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» ҳамчун лектор иштирок намуданд.

        Дар рафти бозомўзӣ аз ҷониби масъулон доир ба мавзўъҳои Паёми Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия», тартиби таҳияи фармоишҳои кадрӣ, намудҳои вақти истироҳат, рухсатиҳои меҳнатӣ ва пешниҳоди он, омода ва таҳияи шартномаи меҳнатӣ, имтиёзҳою ҷубронпулиҳо, суғуртаи иҷтимоии кормандон барои давраи корношоямӣ, хусусияти танзими меҳнати кормандони дар ду (якчанд) ҷой коркунанда, музди меҳнат, кафолату имтиёзҳо, бамеъёргирии меҳнат, шарики иҷтимоӣ ва муносибатҳои коллективӣ, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, тартиби бастани созишнома ва шартномаи коллективӣ байни тарафҳои шарики иҷтимоӣ, хусусияти танзими меҳнати кормандони бо усули вахта коркунанда, корҳои вазнину зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок, тартиби муайян намудани андозаи кўмакпулӣ барои бекорӣ, ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятӣ, тартиби бақайдгирии шаҳрвандони бекор ва оид ба Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда шуд.

        Чихеле, ки дар боло қайд намудем, мақсади асосии ташкили курси такмили ихтисос ва бозомўзӣ барои сардорони Раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ин баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии роҳбарони мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ буда, дар рафти он  аз ҷониби иштирокдорон бо лекторон саволу ҷавоб доир гардида, вобаста ба масъалаҳои зикргардида ба худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд, ки ин натиҷа бевосита барои фаъолияти минъбадаи кории мутахассисон заминаи мусбӣ мегузорад.

        Дар фарҷоми курси такмили ихтисос ва бозомўзӣ ҳамаи иштироккунандагон  аз ҷониби сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ва директори Муассиси давлатии «Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» дар вазъияти тантанавӣ бо Шаҳодатнома сарфароз гардонида шуданд.

 

                                            

                                           Раёсати Агентии меҳнат ва

                                        шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд

 

 

Шарикони мо