Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР СОЛИ 2023 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2024

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР СОЛИ 2023 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2024

  9 январи соли 2024 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024” таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора баргузор гардид.

Дар ҷаласа мудири шуъбаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин роҳбарони зинаҳои гуногуни сохторҳои вазорат иштирок доштанд.

Нахуст маърӯзаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин доир ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли 2023 шунида шуд.

Зикр гардид, ки дар соли 2023 ҷиҳати танзими муносибатҳои меҳнатӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, равандҳои муҳоҷират, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ аз ҷониби сохторҳои вазорат тибқи стратегияҳо, нақша ва барномаҳои амалкунанда як қатор корҳо анҷом дода шуданд.

Аз ҷониби маърӯзакунанда мушкилот дар самтҳои фаъолияти вазорат ва роҳҳои ҳалли онҳо зикр шуда, дар муҳокимаи масъала сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони сохторҳои вазорат, аз ҷумла дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, ба пурсишҳои раиси маҷлис посух доданд.

Мудири шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ оид ба дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023 ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки дар дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он омӯзиши нуқтаҳои асосии Паём ташкил ва лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ таҳия карда шавад.

Дар фарҷом, аз ҷониби вазир Ҳасанзода Гулнора бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақшаҳо дар соли 2024 ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд. Илова ба ин, вазифаҳо барои соли 2024 муайян гардида, қарори дахлдор доир ба масъалаи баррасишуда қабул карда шуд.

 

 

Шарикони мо