Мубрамияти интихоби касб ҳамеша вуҷуд дошт ва то абад боқӣ хоҳад монд. Аз рўзҳои аввали ҳаёт инсон бо нақшҳои гуногун зистанро меомўзад, нақши фарзанд бародар, хоҳар, ва ғайра. Аммо муҳимтарини ин нақшҳоро масъалаи «Кӣ будан» бозӣ мекунад. Кўдаки хурдсол низ бошуурона худро дар нақшҳои гуногун гузошта аз худ барандаи ягон касби писандидаашро месозад. Дар хурди ин кор хело осон аст ва интихоби касби мувофиқ баҳри оянда бемушкилӣ мегузарад. Аммо онҳо устувор нестанд ва бо ба вуҷуд омадани шавқу ҳавасҳои нав зуд тағйир меёбанд. Вале дар калонсоли ин раванд ба куллӣ фарқ мекунад. Ҳангоми ба балоғат расидан шахс интихоби касберо афзал медонад, ки дар оянда ба ў манфиат оварда тавонад. Дар сини наврасӣ ба интихоби касб омилҳо ва таъсиррасонандаҳо зиёданд, масъалан: омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ фикру ақидаи волидайн, омўзгорон ва ҳамсолон. Дар ин айём шахс бештар на ба шавқу ҳавас ва қобилиятҳои худ, балки ба даромади касб бештар аҳмият медиҳад.
Наметавон гуфт, ки ин кор хато аст, чун мақсади асосии хар яки мо дар интихоб намудани касб дар он аст, ки зиндагии шоистаеро созем. Аммо агар касби интихобкардаеро дўст дорем бо қаноатмандӣ дар он фаъолият мекунем.
Дар шуури ҷавонон касб бояд ҳам дўстдошта бошад, ҳам душвор набошад ва инчунин даромади хуб дошта бошад. Зеро бештар ин тасаввуротҳо бо бархурд кардан ба ҳақиқати реалӣ аз байн мераванд. Аз нуқтаи назари Абраам Маслоу ва пирамидаи пешниҳоднамудаи ў: ҷавонон бештар касбро барои интихоби дурусти қонеъ намудани талаботҳои худ интихоб менамоянд.
Аз нуқтаи назари равоншиносон бошад талаботи инсонӣ қонеъшаванда аст ва як талаботи қонеъшуда дигареро ба вуҷуд меорад.
Шахс дар ҳаёт нисбат ба касбаш ҳамон вақт муваффақ мешавад, ки касбашро дўст дорад нисбат ба касб меҳру садоқат, шавқу ҳавас майлу рағбат дошта бошад. Танҳо дар ин сурат интихоби кардаи ў дурусту дақиқ ва оқилона шуморида мешавад.
Хуллас, интихоби касб бояд ба кас бо як фикри дурандешонаю ҷиддӣ ва таҳамулпазир пайдо гардад, зеро барои онмўхтану соҳибкасб гаштан машақатҳои зиёд пеш меоянд.
Пас бояд ба ҷавонон кумак намуд то дар интихоби касби худ иштибоҳ накунанд чун интихоби онҳо муайянкунандаи давоми роҳи зиндагиашон аст. Бояд ба онҳо фаҳмонд, ки касбро интихоб намоянд чун ҳавою ҳавас гузарост ва даромади касбҳо тағйир меёбанд. Онҳо бояд касбро аз рўи қобилиятҳо ва рағбати худ интихоб намоянд. Аз ҳама асос онро дўст доранд. Дар он ҳолат муваффақият ба онҳо наздик мешавад.
Сармутахассиси
шуъбаи машварати касбӣ
ва интихоби касб Шоистаи Н.